АХТАРОНИ АДАБ

акрамбой буд, бой дар амлокдорхона – қалъачаи воқеъ дар баландии соҳии чапи дарё манзил кард.
Восеъ шаб бо ҳамроҳии саиси амлокдор дар саисхона, наздики аспҳо, лингаашро болишт ва ҷомаашро болопӯш намуда, ба рӯйи бедаи хушк хоб кард. Бомдод ӯ аспҳоро ба лаби дарё фуроварда об дод. Машкобиҳо аз дарё ба машкҳояшон об мегирифтанд, Восеъ дар байни онҳо Каримча ном шиноси худро дида монд (ӯ порсол дар вақти ба Душанбе омаданаш Каримчаро ҳамроҳи Ашӯри ховалингӣ дида бо ӯ шинос шуда буд). Аз вай Ашӯрро пурсид, Каримча гуфт, ки Ашӯр се–чор рӯз боз ба дарё намеояд: ӯ шабҳо ба деҳаи Сариосиё рафта дар каҳдони як нафар деҳқони сариосиёӣ хуфтухоб карда мегашт, дина бегоҳӣ Каримча аз як бошандаи Сариосиё шунидааст, ки Ашӯр бетоб аст, имрӯз баъди пешин ӯ ба дидани рафиқи бемораш хоҳад рафт. Восеъ низ аз ҳамқишлоқии бемораш хабар гирифтанро лозим дониста аз Каримча хоҳиш кард, ки вақти ба Сариосиё рафтанаш ба амлокдорхона омада ӯро ҳамроҳи худ гирифта барад.
Ӯ аспҳоро ҳай карда оварда дар соботҳои амлокдорхона баст, ба охурҳошон беда андохт. Аз дари ҳавлии амлокдор Мирзоакрамбой пайдо шуда омада аспҳоро аз назар гузаронд; дид, ки аспҳо ҳамааш шустагӣ, шаб аз ҷав сер шудагӣ ва бардам. Таги пойҳошон рӯфта тоза кардагӣ, ба ҳамаи охурҳо беда андохтагӣ аст, хурсанд шуд:
– Боракаллоҳ! Аспҳоро ана ҳамин хел парво карда, то Бухоро расонда диҳӣ, иншоаллоҳ, ман туро аз хизмати кардагиат розӣ мекунам.
Хӯҷаин инро гуфта ба бағалаш даст халонд ва боз тааммул карда ин сӯ он сӯ нигарист. Аз дарвоза як марди салладори муллонамо мирзои амлокдор намудор гардид, бой ӯро садо кард:
– Мирзо, биёед, шумо гувоҳ шавед, ки ман ҳаққи галабонро додам. – Пас ӯ аз бағалаш ҳамёни сурхи куҳнаи худро баровард: – Мана, Восеъ, ҳаққи якрӯзаатро гир. – Ӯ тангаҳоро шумурда ба Восеъ дароз карду боз ба муллои наздик омада гуфт: – Дидед, мирзо, ана ин ҳафтуним тангаи нақдро ман ба дасти саис додам, шумо гувоҳ шавед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё