Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мулло истеҳзоомез хандида гуфт:
– Гувоҳии ман ба шумо чӣ лозим?
– Охир, гуфта намешавад–дия, мабодо... Раваду дар Бухоро Восеъ дар вақти ҳаққи хизматашро баробар карданам аз ман пул гирифтагиашро фаромӯш кунад? Албатта вай дарвоқеъ одами бодиёнат аст, мункир нашаваду аммо...
– Хайр, фаразан мункир ҳам шавад, дар Бухоро ман нестам, чӣ шумо маро аз Душанбе ба гувоҳӣ ҷеғ мезанед магар?
– Ҷеғ намезанаму аммо, дарвоқеъ, корро аз сар пухта карда монем, нағз–дия, мирзо.
Баъди пешин Каримча омад. Восеъ ҳамроҳи ӯ ба Сариосиё, ки масофаи роҳаш каму беш ду чақрим буда, ба он деҳа бо кӯчабоғҳо рафта мешуд, равон гардид.
Девори каҳдон аз тарафи кӯча сӯрохи коҳрезие дошт.
Восеъ аз он сӯрох ба дарун нигоҳ карда дар торикии каҳдон як чизи лундаеро дид, ки дар як чизи пора–пора печонда ба як гӯша партофта монда буданд. Он ҷо як машки об ҳам хобида буд. Чизи лунда саҳл–саҳл ҷунбида овози нолишмонанде мебаровард. Ӯ ва Каримча аз дохили ҳавлӣ даромада ба каҳдони пастаки лоин дохил шуданд.
Ашӯри нимбедор ё нимбеҳуш нолиш мекард. Восеъ дар назди ӯ сари ду по нишаста ба пешониаш даст ниҳода дид, ки табаш баланд аст. Дар пеши ӯ як косаи сафолин ордоби хунукшуда истода буд.
– Ашӯр ба ту чӣ шуд? Касал шудӣ? – хам шуда ҳолпурсӣ кард Восеъ. Чашмаш ба нимторикии каҳдон одат карда буд, ки дид бемор худро хело гиронда, ранги рӯяш заҳир гашта, риши сиёҳи хоколудаш ҳам як навъ ранги хокистарӣ ба худ гирифтааст. Бемор чашмони чукидаашро нимроғ кушода бо овози дардмандона чизе ғур–ғур кард, ӯ чӣ гуфт Восеъ нафаҳмид.
– Ашӯр, ин ман Восеъ ҳастам, маро шинохтӣ?

пешина
аз 471
навбатӣ