АХТАРОНИ АДАБ

– Ин «усули табобат» ба Восеъ маълум буд – дар кӯҳистон ҳам баъзе беморон ҳамин тавр мекарданд, баъд мемурданд ва ё сиҳат меёфтанд. Аммо ӯ ҳозир аҳволи Ашӯрро вазнинтар аз он ёфт, ки ба ғӯтондани дар оби хунук тоб оварда тавонад. Ғайр аз ин ӯ дар шубҳа монда буд, ки бемории Ашӯр табларза аст ё вараҷаи муқаррарист ё ки ягон касалии дигар. Аз нафаскашии вазнин ва тез–тези Ашӯр бемории ӯро шамолхӯрии сахт ва варами шуш гумон кардан мумкин буд.
– Намешавад, – гуфт ӯ ба Каримча, – қувваташ нест, намебардорад.
Аммо шӯрбои гарму тунд, ки Каримча аз он ёдовар шуд, ба фикри Восеъ ҳам омада буд. Ӯ аз ҷо бархоста ба ҳамроҳаш:
– Ту дар ҳамин ҷо бош, ман зуд меоям, – гуфту шитобон баромада рафт.
Дар кӯча вай аз як бача ҷойи қассобиро пурсид, бача ӯро ба осиёбе, ки дар миёнҷойи деҳа воқеъ шуда (на деҳа ба номи он) буд, бурд. Дар он ҷо қассобе гӯшти гӯсфанди навкуштаро мефурӯхт, Восеъ аз ӯ ба як мирӣ нимча гӯшт харида дар рӯмолаш печонда ба каҳдони Гадо баргашт.
– Инро бигиру ба дарун даро, – фармуд ӯ ба Каримча. – Ба занҳо бигӯ, даррав як коса шӯрбои тунди серпиёз бипазанд. Агар дошта бошанд, шалғаму сабзӣ ҳам андозанд.
Соате баъд шӯрбо тайёр шуда омад. Восеъ беморро хезонда ба девор такя дода шӯрборо бо қошуқи чӯбин гарм–гарм ба ӯ хӯронд. Якчанд пора гӯшт ва шалғаму сабзиро ҳам хӯронд. Сипас ӯро бар рӯйи пӯстак хобонда, аз ҳавлии Гадо кӯрпаи ғафсеро пурсида гирифта ба болояш пӯшонд.
Рӯз рафта ба нишастани офтоб андак монда буд, Восеъ мебоист ба назди аспони худ баргашта онҳоро обу ҷав медод; ӯ аз Каримча хоҳиш кард, ки боз соате дар он ҷо монда бемордорӣ кунад, аммо машкобӣ узр гуфт: ӯ мувофиқи ваъдааш он бегоҳ дар Душанбе ба ду–се ҳавлӣ оби дарё бурданаш лозим будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё