АХТАРОНИ АДАБ

Он гоҳ Восеъ зани Гадоро ҷеғ заду аз пушти дари ҳавлии дарун истода аз ӯ илтимос кард:
– Хоҳар, шӯрбои соз пухтаӣ, раҳмат. Акнун ту ба ин бачаи ғариб боз як бор модарӣ кун, аз вай хабардор бош, ки пеш аз вақт нахезад ё болояш кушода нашавад. Бимон як арақи хуб кунад, иншоаллоҳ сабук шуда мемонад.
Занак қабул кард.
Шаб хизматгори амлокдор аз ҳавлии ӯ дар ду коса оши угрои беҷурғот ва дуто нон овард, Восеъ ва Остона (номи саиси амлокдор Остона буд) баъд аз сарфи ин таом дуяшон дар сарои амлокдорхона ба кунҷи собот хазида бар рӯйи хасу хошоки намадпӯш хоб карданд.
Оромии шаби торикро ғайр аз хишир–хишири бедаҳо ва гоҳо гуп–гупи пойкӯбии аспон чизе халалдор намекард, бӯйи саргини аспон ба димоғ мезад. Остона базудӣ хобаш бурда хуррок кашидан оғоз кард, Восеъ бошад хобаш намебурд, фикру хаёлҳои парешони ӯ гоҳ ба Дараи Мухтор, ба сӯйи зану фарзандонаш, гоҳ ба Шаҳрисабзи дури нодида ва Назири зиндонӣ парвоз мекарданд ва гоҳе ба каҳдони Ашӯри бемор мутаваҷҷеҳ мешуд. Дилаш аз чигунагии аҳволи Назир бисёр хавотир мекашид, зеро ӯ даҳшатнокии зиндонҳои ҳокимон ва амирро борҳо шунида буд. Оё он бечораро дидан ва гап задан муяссар мешуда бошад? Халос карданаш мумкин бошад ё не? Ба Шаҳрисабз ҳарчи зудтар расидан лозим, аммо хӯҷаин назар ба гуфти худаш дар ҳар манзил як рӯз – ду рӯз истода, бе шитобу ҷадал ҳаракат карданист. Балки ба галабонӣ киро шудани ӯ лозим набуд, хато буд? Аммо, аз тарафи дигар, панҷоҳ–шаст танга музди галабонӣ дар он диёри ғарибӣ ба ӯ кор меояд ва зарур аст...
Саҳар пеш аз бомдод Восеъ хеста боз бо аспҳои худ машғул шуд. То аз хоб бедор шудани Остона аспҳои худаш ва се аспи амлокдорро ба саҳни сарой бароварда дар яккамехҳо баста худ дар собот ба тоза кардани таги аспҳо шурӯъ намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё