АХТАРОНИ АДАБ

Рисолаи мазкур таҳлилу таҳқиқи муфассали насри таърихии С. Улуғзода, махсусан омӯзиши комплексии се асари нависанда – «Ривояти суғдӣ» (1975), «Восеъ» (1967) ва «Фирдавсӣ»
(1988)-ро фаро мегирад. Ба таҳқиқ гирифтани хусусиятҳои ғоявию бадеӣ ва услубии повест ва романҳои таърихии нависанда, муайян кардани муносибати принсипҳои таърихӣ ва бадеӣ дар офаридани симоҳои шахсиятҳои барҷастаи воқеӣ ва ба ин восита нишон додани мақоми волои адиб дар таҷассуми воқеаҳои таърихи халқи тоҷик дар асари бадеӣ аз вазифаҳои умдаи адабиётшиносии тоҷик дар замони истиқлолияти Тоҷикистон ба шумор меравад.
Сотим Улуғзода аз адибони навовару хушсалиқа ва соҳибсабки тоҷик аст, ки тайи ҳафт даҳсола хазинаи адабиёти миллиро боғановату шукӯҳманд гардонидааст. Фаъолияти С.
Улуғзода асосан аз тарҷума маншаъ гирифта, тавассути офариниши осори бадеии таърихӣ ва саҳнавӣ мароҳили камолот паймудааст.
Дар аҳди шӯравӣ бо сабабҳои маълум асолати ҳунарию санъати эҷодии ин адиби забардаст баҳои воқеӣ гирифта натавонист. Мафкураи ҳоким бо ғаразҳои субъективӣ ва сиёсӣ адиберо, ки бо тамоми ҳастӣ идеологияи ҳукмронро дастгирӣ менамуд, аз сафи худ барканор кард.
Иттилооти комил аз сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик, муҳаббату арҷгузорӣ ба забони адабии тоҷик ва иқтидори таърихии он ва истеъдоди фитрии ҳунари нигорандагӣ ба нависанда имконият доданд, ки дар андак муддат давраи ҷустуҷӯҳои эҷодиро паси сар карда, соҳиби услуби хоси эҷодӣ гардад.
Ҷустуҷӯҳои адабии Сотим Улуғзода, пеш аз ҳама, дар соҳаи насри адабӣ, ки дар адабиёти форсу тоҷик таърихи қадима ва навъҳои гуногун дорад, ба назар мерасад. Донишмандони назарияпардоз, аз ҷумла Ҳусайни Хатибӣ, Маликушшуаро Баҳор, Сируси Шамисо, Раҳим Мусулмонқулов, Худоӣ Шарифов, Носирҷон Салимов, Низомиддин Зоҳидов ва дигарон навъҳои насрро насри мурсал ё сода ва ё мутлақ, насри фаннӣ ё таълифӣ, насри мусаҷҷаъ ном бурда, насри адабии воҳидро ба қиматҳои насри адабӣ-илмӣ, насри адабӣ-таърихӣ, насри адабӣ-мазҳабӣ ва тасаввуфӣ-ирфонӣ, насри адабӣ-бадеӣ ё ҳунарӣ ҷудо намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё