АХТАРОНИ АДАБ

Давраҳои таърихӣ ва масъалаҳои марзӣ низ боиси тағйироти овоӣ ва услубии насри форсу тоҷик гардидаанд.
Ҳанӯз аз нимаи дувуми асри ХІХ ва махсусан аз ибтидои асри ХХ шароити нави таърихӣ муносибати насри адабии тоҷикро бо ҳаёти иҷтимоӣ қавӣ намуд, ки ин ҳолат боиси рушду нумуи насри таърихӣ гардида, усули воқеии таълиф -- методи реалистӣ дар он тасаллут пайдо кард. Дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бошад, таълифи насри таърихӣ, чун «Девори Хуросон» (1999)-и Муҳаммадзамони Солеҳ, «Ҳафт рӯъё» (2001)-и Юсуфҷон Аҳмадзода, «Достони писари Худо» (2000)-и Сорбон, «Куруши Кабир» (2006)-и Бароти Абдурраҳмон, «Васвасаи дунё» (2004)-и Аброри Зоҳир, ба маротиб зиёд шуд, ки ин падида аз равнақи масъалаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар насри тоҷик дарак медиҳад.
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945) ва солҳои баъди Ҷанги Ватанӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, тағйироти муҳим ба вуқуъ пайваст. Ин тағйироти муҳити сиёсии мамлакат адибонро водор намуд, ки ба арзишҳои миллӣ рӯ оваранд.
С. Улуғзода, ки ҳанӯз аз давраи дар Дорулмуаллимини Тошканд, мувофиқи таъкиди профессор М. С. Андреев ба омӯхтани таърихи халқи худ камар баста буд, аз солҳои 60-уми садаи ХХ ба таълифи асарҳои насрии таърихӣ шурӯъ мекунад ва таҷрибаи хуби зиндагӣ ба ӯ имконият доданд, ки дар насри тоҷик барҷастатарин асарҳои таърихӣ чун қиссаи «Ривояти суғдӣ», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ»-ро офарад.
Ба таърихи халқ рӯ овардани С. Улуғзода сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ дошт. Таърихият, хоҳ миллӣ бошад ва хоҳ умумибашарӣ, хазинаи зеҳнии инсон, ҳофизаи мустанади башар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё