АХТАРОНИ АДАБ

Дувоздаҳ сол боз аспҳои амлокдорро мепоям, амлокдор се бор нав шуд, аммо ҷомаи ман як бор ҳам нав нашуд. Ҳамон Остонаи порсолаю саиси перорсола. Хонаи ин хӯҷаинҳои хасис сӯзад, ҷойи ҳамаашон дӯзах аст.
Остона ҳамин тавр то дами дарвозаи амлокдорхона аз қисмати худ шикоят карда рафт. Дар он ҷо Восеъ аз ӯ хоҳиш кард, дар қатори аспонаш ба аспони вай ҳам ҷаву беда андозад, ва худаш шитобон ба Сариосиё равон шуд:
мехост то аз сари ношто бархостани хӯҷаинаш аз Ашӯр хабар гирифта биёяд, – хеле майл дошт, ки бидонад шӯрбо ба бемор нафъ карда бошад ё не.
Ба дари ҳавлии Гадо расида аз сӯрохи каҳдони чун лаҳад торик оҳиста садо кард:
– Ашӯр! Ҳастӣ ё не?
Аз даруни каҳдон чун аз торикии лаҳад овози пасте баромад:
– Ҳо, ҳастам, акаи Восеъ, биё.
Овози Ашӯр як дараҷа тозаву бардамона буд, одами табу тобдор ин тавр овоз намебарорад, – маълум мешавад, ки Ашӯр сабук шудааст. Восеъ чун каси бори гарон аз дӯш фурӯафканда як нафаси чуқур кашид ва дар худ хушҳолие ҳис карда зуд ба дар ва аз он ҷо ба каҳдон даромад.
– Биё, биё, акаи Восеъ: – ларзонии овози машкоб аз шодӣ ва ҳаяҷони дили ӯ хабар медод.
Восеъ дасти сарду каммадори ӯро гирифта оҳиста фушурд ва дар наздаш нишаста кафи дасташро ба пешонии ӯ гузошт. Пешонии бемор сард буд.
– Табат фуромадааст–ку, Ашӯр:
– Фуромад, акаи Восеъ, сабук шудам. Хобам бурдааст, чӣ қадар хоб кардам намедонам, як вақт бедор шудам, ки куртаю эзорам тар, ба баданам часпидагӣ; маълум шуд, – хуб арақ кардаам.
– Эзорат аз арақ тар шуда буд ё аз чизи дигар? – Восеъ хушҳолии худро бо ҳамин ҳазли рафиқона изҳор кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё