Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баъд дуяшон аспҳоро барои об додан ва шустан ба дарё ҳай карданд.
Аз масҷидҳо овози муаззинҳо баланд гардид. Восеъ обдиҳии аспҳоро ба Остона вогузор карда, худ ба ҳайрати ӯ дар оби дарё таҳорат баҷо овард ва миёнбандашро бар рӯйи рег паҳн намуда, ба намозхонӣ сар кард. Вай аслан одами диндор бошад ҳам, ба намозҳои панҷвақта бепарво буд ва аксар вақт онҳоро қазо мекард, аммо ин пагоҳ аз таъсири ғамангези бемории Ашӯри ғариб ба дили ӯ як нармӣ ва ҳалимии худоҷӯёна ворид шуда, ӯро ба намозхонӣ моил гардонида буд. Сар ба зер афканда бо як қиёфаи малеҳи таслимкорона пичир–пичиркунон дуоҳои намозро мехонд.
Остона, як марди чашмаш олус, тамоми рӯяшро то таги чашмонаш риш зер кардагӣ, бо чашми ягонаи худ ҳайрон–ҳайрон ба ӯ менигарист. Ба назараш намози Восеъ хеле кашол ёфта буд, ки тоқат накарда ба тарафи ӯ тамасхуромез фарёд зад:
– Ӯй, ҳазрати халифа, то ту намоз мехонӣ, ки аспҳоят мегурезанд! Хез, онҳоро гардон! Ба саису галабон намозхониро кӣ мондааст?!
Восеъ аз халал расонидани Остона қаҳраш омада бошад ҳам, ба «ҳазрати халифа» гуфтани ӯ хандид. «ҷойнамоз»–и худро ғундошта ба миёнаш баста назди аспҳо омада буд, ки Остона боз бо ҳамон оҳанги истеҳзову тамасхур гуфт:
– Ҳар вақте ки намоз хондӣ, ба ҳаққи ман ҳам як дуо карда мон, ошно. Ба худат аз Худо чӣ ки хоҳӣ, ихтиёрат, аммо барои ман якта зани фарбеҳаки...калон хоҳ. Бева бошад ҳам майлаш.
– Чӣ магар ту зан надорӣ?
– Ба ман баринҳо зан куҷо! Чилу панҷ сол умр дидам, рӯйи занро надидам. Хато кардам, рӯяшро дидаму лекин...
– Остона дар ин ҷо лафзи қабеҳро ба замон овард. – Зангирӣ пул мехоҳад, ошно, чиз мехоҳад, ба ман пул куҷо, чиз куҷо!

пешина
аз 471
навбатӣ