АХТАРОНИ АДАБ

Барои пулфиристонӣ ба модари Ашӯр аз мутаваллӣ муътабартар боз кӣ ҳаст?
Қӯшмадрасаи шаҳр дар Регистон ба паҳлуи бозоргоҳ, рӯ ба рӯйи қалъаи ҳокимнишин воқеъ шудааст. Восеъ ба мадраса даромада манзилгоҳи Саидасрорро пурсида ёфт.
Мутаваллӣ, марди миёнсоли фарбеҳи ҷорӯбриши лабғафсе дар ҳуҷраи нимторик ба муроқиба нишаста буду тасбеҳ мегардонд.
– Аз Дараи Мухтор ҳастӣ? Медонам, деҳаи хуб, бадавлат, мардумонаш ҳама диндори поканд, ба зиёрати мазори ҳазрати Хӯҷа Балҷувон бисёр меоянд.
Мусофири мо ба ин гапи шайх тааҷҷуб кард, зеро ӯ дар деҳаи худ танҳо ду мӯйсафедро медонист, ки ихлосманди мазори Хӯҷа Балҷувон буда, соле як бор ба зиёрати он мерафтанд ва назру ниёзе мебурданд.
Саидасрор воқеаи Ашӯри машкоб ва пули ӯро шунида, рафтори Восеъро тақдир ва таъриф кард:
– Боракалло, бисёр кори савоб кардӣ. Хуб, пулро ба тоқча гузор, ман ба он даст намерасонам – молу чизи дунё ба ман ҳаром аст. Ягон одами таъинро мефармоям, пулро ба волидаи марҳум бурда медиҳад... Ту Шаҳрисабз меравӣ? Ба чӣ кор?
Восеъ ба чӣ кор рафтанашро гуфта буд, ки мутаваллӣ ба ҳоли «бандаи Худо» Назир дилаш сӯхт:
– Ҳай–бечора! Бай–бай, афсӯс, афсӯс. Исто, ки ту азми ин сафари дурро карда, аз ягон бузургвор дуо гирифтӣ?
Мазори ҳазрати Хӯҷа Балҷувони Валиро зиёрат кардӣ?
Назру ниёз бурдӣ?
– Не–ку, тақсир, – росташро гуфту монд Восеъ, – дар байни ташвишу тараддуди сафар фурсат наёфтам.
Шайх бепарвоии ӯро дар ҳаққи авлиёҳои зиндаву мурда каме мазаммат карду гуфт, ки ҳоло ҳам дер нашудааст
– бигузор ӯ ба нияти сафар дуо гирад ва назр кунад, то ки сафараш бехатар ва хайриятасар гардад. Мунтазир буд, ки албатта Восеъ дуоро ҳозир аз худи ӯ мегирад ва назрро ҳам ба ӯ медиҳад, аммо Восеъ бо ваҷҳе, ки хонанда ба он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё