Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

дар бобҳои дигари китоб воқиф хоҳад шуд, мутаваллиро бад медид, бинобар ин худро ба муғамбирӣ зада чунин ҷавоб дод:
– Хуб, тақсир, дар роҳи сафарам, дар Бухорову Шаҳрисабз ҳам мазорҳо будагистанд. Аз ҳамон мазорҳо якеро зиёрат мекунам. Хайр. – Ӯ бархоста аз ҳуҷра берун шуд.
Дар берун, дар саҳни мадраса се чор нафар туфайлиёни дарвешнамои шайх – чалпакхӯрони сари мазори Хӯҷа Балҷувон, ки ба ҳуҷра даробаро мекарданду мусоҳибаи Восеъро бо шайх шунида буданд, ӯро миёнагир карда ҳамаашон якбора забон ба таънаву сарзаниши ӯ кушоданд: ту, беимон, чаро дуои шайхро нагирифтӣ? Чаро назр накардӣ? Бидон, ки агар ҳозир назре ба мо надиҳӣ ва дуое нагирӣ, сафарат сафари хайриятасар нахоҳад буд ва ту ба хатареву балое гирифтор хоҳӣ шуд ё ҳеҷ набошад нокому номурод хоҳӣ баргашт. Зудтар назратро барор!..
Бечора мусофири мо бо мақсади ду се тангаро «садақаи сар» карда аз дасти онҳо халос шудан нӯги миёнбандашро, ки дар он ҳафт танга боқимондаи музди галабониашро баста монда буд, кушод. Кушодани нӯги миёнбанд ҳамон буду бо ҳашт даст чанг андохтани дарвешон ва даррабудани тангаҳо ҳамон. То Восеъ аз саргарангии ин ғорати рӯзи равшан ба худ омад, ки ғоратгарони хирқапӯш морвор ҳар кадоме ба кунҷе хазида аз назар ғоиб гардиданд. Дуои хайр ҳам насия шуд. Мусофири мо ҳам ҳайрон ва ҳам оташин шуда паси сар хорида аз мадраса бадар рафт.
Дар Ҳисор ду рӯз таваққуф карданд, зеро Мирзоакрамбой зиёрати ҳокими вилоят ва сари бекҳои кӯҳистон – амирзода Муминтӯраро лозим донист. Ҳар амалдор, савдогар ё сайёҳе, ки гузораш ба Ҳисор меафтид, аз зиёрати тӯра ва бурдани пешкашҳои гаронбаҳо ба ӯ гурез надошт. Ҳоким дар Қаратоғ будааст, – вай дар он деҳи калони хушҳаво, обшору салқин, воқеъ дар яку ним фарсангии тарафи шимоли ғарбии Ҳисор чорбоғи дилкушое дошт, ки дар баҳору тобистон аз Ҳисори гарми бадҳавои

пешина
аз 471
навбатӣ