Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

гуфт: – Каси молу чиз дуздондагӣ агар баобрӯ бошаду ба миршаб арз карда, «дуздро доред, чизамро ёфта диҳед»
гуфта сахт истад, миршаб чизашро ёфта дода аз вай пора мегирад. Аммо агар одами ландаҳур бошаду аз пайи моли дуздондагиаш наафтад, он моли дуздиро саройбон қати миршаб обу лой мекунанд.
Аз гапи ӯ дар дили Восеъ равзанаи умед кушода шуда бошад ҳам, аламаш паст нашуда буд. Ӯ ба корвонсарой баргашта ба саройбони ғӯл ва дастёри ландаҳурнамои ӯ як–як теғ кашида нигоҳ кард. Баъд аз суханони ангишткаш дилаш гувоҳӣ медод, ки дузд яке аз инҳост ё ки ҳар ду.
Нигоҳи шубҳаомез ва ғазаболуди ин галабони паҳлавонҷусса саройбонро андак бесаришта карда монд ва ба назар андак ранги рӯйи ӯ ҳам канд. Восеъ аз паси ӯ ба ҳуҷрааш даромада маҳкам аз гиребонаш гирифт.
– Дузд! Хӯрҷин куҷост? Хӯрҷинро ёфта деҳ!
Саройбон аз ваҷоҳати ӯ тарсид. Зӯр мезад, ки гиребонашро халос кунад, аммо наметавонист.
– Сар деҳ, хӯрҷинатро ман дидагем не, ман дузд нестам. Сар деҳ!
Восеъ ӯро раҳо карда баромаду парешонҳол, дилаш пур аз кину алам, бар лаби суфа нишаст.
Вақте ки Мирзоакрамбой ҳамроҳи Ниёз ба корвонсарой омаданд, ӯ бойро аз воқеа огоҳ ва гапи ангишткашро нақл кард. Бой аввал саросемавор ба сӯйи аспонаш шитофта онҳоро шумурд, дид, ки аспҳо саршуморашон кам нашуда ҳама барҷо истодаанд, хотирҷамъ шуда баргашта дарҳол забон ба таъну коҳиши Восеъ боз кард. Ӯ аз овехта мондани Восеъ хӯрҷини худро дар корвонсарой гап кушод ва вогузор карданаш посбонии онро ба одамони бегонаи ношинос дар ҳайрат монд.
– Э, аҷаб! Ман намедонистам, ки ту ҳамин хел гӯли сода, ҳамин хел фандхӯр будаӣ. – Дарвоқеъ, бой аз куҷо медонист, ки Восеъ дар кӯҳистон, дар байни одамони содаи дилсофе калон шудааст, ки дуздӣ, қаллобӣ, муттаҳамиро намедонанд ва ба якдигарашон бовар мекунанд. – Содагиат ба худат–ку, – боз гуфт хӯҷаин, – лекин ба ман зиёни калон расондаӣ: таппонча ба ман панҷсад танга фуромада буд.

пешина
аз 471
навбатӣ