АХТАРОНИ АДАБ

Бо шунидани ин гап Ниёз:
– Ий, ана! – гуфта бо ду даст гиребонашро гирифт, зеро ӯ дар Қубодиён таппончаро аз як ошно ва меҳмони русаш ба ҳадя гирифтани бойро бо чашми худ дида буд. – Тағо, охир таппонча... – гуфта хизматгор боз сухане ба миён оварданӣ буд, ки хӯҷаинаш «Дам шав!» гуфта даҳони ӯро баст.
– Дониста мон, ки агар таппонча ёфт нашавад, товонашро медиҳӣ! – огоҳонида монд бой Восеъро.
Амалдори собиқ бе «маслиҳат»–и ангишткаш ҳам воқеаи дуздиро ба раису миршаб ва ҳатто ба ҳокими Ғузор арз карда, барои ёбонда гирифтани чизи гумшудааш ҳаракат менамуд. Бой ба миршаб фаҳмонд, ки то моли дуздбурдааш ёфт нашавад, ӯ аз Ғузор нахоҳад рафт, ва агар миршаб дар кофтукови дузд ва таппонча мусоҳилакорӣ кунад, ӯ ба ҳоким ва ҳатто ба худи амир арз хоҳад кард...
Шабонгоҳ миршаб бойро ба наздаш талабида таппончаро ба ӯ дароз кард:
– Инро одамони ман дар деҳи Оқтерак аз хонаи як қунғурот ёфта оварданд, худи қунғуроти дузд гурехта будааст, ба даст наафтид. Аммо хӯрҷин ёфт нашуд. Акнун, шумо, ҷаноби бой, ба навкарон камтар хизматона доданатон лозим мешавад. Онҳо се нафаранд.
Мирзои Қорӣ суханони ангиштканро, ки Восеъ ба ӯ нақл карда буд, ба ёд овард ва албатта, ба гапи миршаб дар бораи деҳаи Оқтераку қунғуроти дузд бовар накард...
– Чӣ қадар диҳам? – пурсид ӯ.
– Ҳиммататон медонад, – тамаъкорона лабханд кард миршаб.
Бой ҳамёнашро бароварда понздаҳ танга ба худи миршаб ва панҷ тангагӣ понздаҳ танга ба се мулозими ӯ доданӣ шуда буд, ки миршаб нагирифта:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё