Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ин пулатонро ба қаландарҳо садақа кунед шуморо дуо мекунанд; мо ҳамту холисона хизмат кардем. – гуфта Мирзои қориро шарм доронданӣ шуд. Қорӣ кӯр шуда «хизматонаи» миршабро панҷ танга ва «ҳаққи» мулозимонашро дутангагӣ шаш танга зиёд кард.
Дар бозгашти ба хонаи ошнояш Мирзои Қорӣ ба корвонсарой даромад:
– Таппонча ёфт шуд, – хабар дод ӯ на хурсанду на хафа ба Восеъ ва Ниёз. Ва чи гуна ёфт шудани онро, тавре, ки аз миршаб шунида буд, нақл кард. – Ба миршаби чашмгушна ва одамони вай дарвоқеъ шаст танга хизматона додан лозим шуд, – бо таассуф илова намуд ӯ ва ҳол он ки фақат чилу як танга дода буд. Ба Восеъ гуфт: – Ҳайф, ки одамони миршаб хӯрҷин ва дигар чизҳои туро пайдо карда натавонистанд. Хайр садақаи сарат, хафа нашав. Дар Қаршӣ ман ба ту ҳаққи галабониатро медиҳам, хоҳӣ ба худат сару либоси нав мехарӣ.
– Ҳаққамро дар ҳамин ҷо бидиҳед, хӯҷаин, – табъи хирааш хиратар шуда гуфт Восеъ, – ман харидро дар ҳамин ҷо мекунам. Ин яктаҳу лозимии маро дидед, чиркин шуда даридааст, шустан, дӯхтан лозим, аммо ман пӯшоки дигар надорам, ки бипӯшам. Мӯкки рафт, поям ҳам луч монд.
Ягон чоруқ–поруқ хариданам лозим.
Хӯҷаин баъди андак сукут кардан:
– Хайр, пагоҳ ягон кор мекунем, – гуфт. Боз каме сукут карда илова намуд: – Пагоҳ баъди ношто ба роҳ мебароем... Дигар ин ки ман дар ин ҷо фаҳмидам, ҷаноби олӣ ҳозир дар Қаршӣ будаанд, ба рикобашон чанд ҳазор лашкар, чандин сад амалдору сипоҳӣ. Сипоҳиён, дарвоқеъ, толиби аспҳои нағз мебошанд, агар қулай омада монад, ман аспҳоро ба онҳо мефурӯшам. Дар он вақт то Бухоро рафтани ту ҳам лозим намешавад, Восеъ.
Бой Ниёзро ҳамроҳ гирифта ба хонаи ошнояш рафт.
Пагоҳӣ Ниёз ба Восеъ як даст яктаҳу лозимии аз ҷомашӯӣ баромада ва як ҷуфт чоруқи нимдоштеро оварда гуфт, ки хӯҷаин дода фиристод.

пешина
аз 471
навбатӣ