АХТАРОНИ АДАБ

Аз ин рӯ, таърихият масъулияти маърифатии инсонро таҳким бахшида, шахсиятро водор месозад, ки барои таҳқиқи қиёсии он сидқан омода бошад. Хосса коргирӣ аз таърихи миллӣ дар эҷоди бадеъ ба ҷанбаҳои таърих эҳдо намудани ҳунар аст ва ё дар мантиқи одии ифода, тасвири адабию ҳунарии таърих дар перояи музайяни каломи бадеъ аст, ки он на ба ҳар кас даст медиҳад. Адибе, ки ин тамоюлоти мавзӯиро баргузидааст, ғолибан ба раванди пайдарҳами асноду далоил, ҳуҷҷату бурҳон, ҳаводису воқеоти рӯзгори миллат тӯли қарнҳо ва масири таърих сару кор дорад. Онҳоро аз нигоҳи таърих, тартиби таърихӣ, тавъам бо ҳақиқати бадеӣ омезиш медиҳад, сипас таҳқиқи қиёсӣ сомон дода ба шахсияту симоҳо, арзишҳо ва образу типҳо рӯ меорад. Устод С. Улуғзода аз уҳдаи ин масъулият баромада, тавонист ба қалбҳо ва зеҳнияти инсонҳо роҳ ҷӯяд ва маҳбубияту мақбулияти нотакрор касб намояд.
С. Улуғзода дар адабиёти аҳди шӯравии тоҷик пас аз устод С. Айнӣ дуюмин адиби забардаст аст, ки ба таърихи миллати худ ҷиддан рӯ овардааст. Ӯ танҳо дар эҷоди «Ривояти суғдӣ»
аз 10 сарчашмаи дараҷаи аввал, чун асарҳои Имом Табарӣ, Ал- Балозӯрӣ, Ибни Аъсами Кӯфӣ, Наршахӣ, Ал-Истахрӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон кор гирифтааст. Интихоби мавзӯъ, офариниши симоҳо, низоъсозӣ, бархӯрдҳо, баҳсу муҳовараҳо, дифоъ ва ҳақиқат, офариниши портретҳои зоҳирӣ ва ифшои сурату симоҳо, тасвирҳои равонӣ ва ғайра дар «Ривояти суғдӣ» басо мӯшикофона ва ҷаззобу ҷолиб, бо забони фасеҳу балеғ рӯйи кор омада асарро дилчаспу хотирмон кардаанд. Ин аст, ки асар дар адабиётшиносии тоҷик дар як муддати кӯтоҳ истиқболи зиёд пайдо кард ва таваҷҷуҳи донишмандони ватанӣ М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, Х. Шарифов, А. Набиев, М. Исоматов, Қ. Восеъ, В. Асрорӣ, М. Зайниддинов ва С. А.
Бақоеваро ҷалб намуд.
Аз баҳсҳои доир ба «Ривояти суғдӣ» суратгирифта хидмати нависанда тавъам бо донишу маҳорат, истеъдоду малака ва табъу тавонаш пеши назар меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё