Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ду нафари онҳо (Восеъ аз гап–гапи онҳо донист, ки ин ду нафар удайчиҳо будаанд) пешопеш, саворони дигар асп ронда суханҳои ба мусофири мо нофаҳмо: «Ҳазрати амирнинг эсанликларига Худо тавфиқу адолат берсун!»–ро мад кашида гуфта бо овози баланд ҷор меандохтанд. Сарҳои сафеди салладори халқ бо садоҳои «Омин! Омин!» хам мегардиданд. Аз паси удайчиҳо марди саворе, ки аз гапи мардум номи вай шиғавул будааст, дар танаш ҷомаи адраси рах–рахи дар офтоб дурахшанда, пешопеши як савори дигари лоғари гарданборики хоболуднамо, ба росту чап таъзим карда «алайкумассалом! алайкумассалом!» гуфта меомад. Аз байни мардум пичир–кучури «амир! амир!» шунида шуд. Восеъ донист, ки амири Бухоро Музаффархон ҳамин мардаки лоғари хоболуднамо будааст. Амири бемор пири фартут барин менамуд, рухсорааш чӯкидагӣ, худаш камриш, ранги рӯяш заҳир буда, дар сараш саллаи сафеди ҷавоҳирнишон ва дар танаш ҷомаи шоҳии сиёҳтобе, ба намуд нисбат ба ҷомаҳои хушранги ҷилодори дарбориёнаш одитар, дар миёнаш шамшер дошт ва дар аспи сиёҳтӯруқе савор буд. Чашмонаш монанди одами масту хумор нимпӯш буд.
Восеъ дар канори роҳ истода «намоиш»–ро аз наздик тамошо мекард. Ӯ амирро дар хаёлаш марди ниҳоят босалобати паҳлавонҷуссаи рустамсаворе тасаввур мекард, аммо ин амир – «подшоҳи Бухоро» муллои нимҷоне беш набуд. Дардманд аст, чи бало? Мусофири мо аз амир «ихлосаш гашт». Наход, ки «Амир Саид Музаффархони Баҳодур», он ки Шаҳрисабзу Китоби Афросиёбро фатҳ кард, мирони Ҳисору Кӯлобу Балҷувону Қаротегин, шоҳони Дарвозу Шуғнонро бо зарби шамшер ба худ тобеъ ва вилоятҳошонро тасхир карда, дар Ҳисор бо як имои буруташ чорсад бандии аз куштан мондагиро дар байни намози дигару намози шом ба ҷаллоди худ фармуда кушонд, – наход ҳамон амири қоҳири пурдаҳшати хунрез ҳамин пирамарди миҷморуқ бошад?..

пешина
аз 471
навбатӣ