Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Боз ин чӣ гап аст, ки саломи халқро ба ҷойи ӯ шиғавул алек мегирад, чӣ магар амир ҳамин қадар фартут шудааст, ки маҷоли «алайкумассалом» гуфтан ҳам надорад? Барои ба саломҳо алайк гирифтан алоҳида як амалдор нигоҳ медорад!..
Дар байни саркардаҳои калон, ҳокимҳо ва бийҳо, ки ҳама савора бо як ҳашамату дабдаба аз қафои амир меомаданду мардум ҳар кадоми онҳоро «Ана, фалонӣ!
Ана, бисмадонӣ!» гуфта ном мегирифтанд, мусофири мо ҳокими Шаҳрисабз Остонақул девонбегӣ–бий–додхоҳро шинохт. Бий–додхоҳ синну солаш ба назар дар байни панҷоҳу шаст, дар қиёфа ба як тарзи тааҷҷубовар ба амир бисёр монанд, аммо нисбат ба вай хеле бардаму бақувват, марди қоматбаланди камриши гандумгуне буд.
Дар дасташ тасбеҳ гардонда, бо сари хам меомад, зоҳиран одами тақводор ва ҳалиму хоксор барин менамуд.
Сару либосаш ҳам монанди дигарон он қадар бокарруфар набуд. Дар дили Восеъ умеде пайдо шуд, ки ин хел ҳоким бояд одами адолатпеша ва раҳмдиле бошад.
Амир ва ҳамрикобони ӯ дар байни наъраи карнайҳо, бак–баки нақораҳову дум–думи дуҳул ба ӯрда даромада рафта буданд, ки мардумони тамошобин низ кам–кам пароканда гардиданд. Имрӯз, албатта, умеди супурдани ариза набуд, бинобар ин Восеъ ҳам монда рафт. Ариза ду рӯз боз дар қабати саллаи ӯ «хоб рафта» буд.
Ниҳоят рӯзи сеюм супурдани ариза ба дасти аризачии ҳоким муяссар гардид. Аризачӣ, ки марди шӯтқарӣ ва суханбозе будааст, ба Восеъ «Канӣ хизматонаро барор, дохунда, ҳа! Кори подшоҳӣ ҳазл не. Ариза бепул нест, мақбул. Иншоаллоҳ, ҳоҷатат раво, дардат даво, уқдаи дилат во мешавад!», – гуфта, бо як шилқинии гадоёна аз вай панҷ танга рӯёнда гирифта бошад ҳам, Восеъ хафа нашуд
– ӯ хурсанд буд, ки оқибат арзу доди ӯ худи ҳамин рӯз ба ҳоким мерасад.
Он рӯз дар бозори мардикор ҳам баногоҳ кори Восеъ барор гирифт ва «ҳоҷаташ раво» гардид: як марди рӯйпаҳни бинипачақ омада, ӯро бо як нафар мардикори дигар ба деворзанӣ киро кард.

пешина
аз 471
навбатӣ