Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кори баъдина тез рафт. Восеъ аз корфармои худ панҷоҳ танга музди деворазаниро гирифта, пиёда ба Шаҳрисабз равон гардид. Ба шаҳр вай бегоҳрӯзӣ дохил шуд.
Ба кӯчаи калон рафта, аз паҳлуи гӯристони баланд, аз пеши якчанд масҷиду мадраса гузашта, вақти говгум ба тоқи Чорсӯ расид. Дар ин ҷо вай азони хуфтанро шунид, баъди як дам аз наздик овози нақора баромад. Баъзе шаҳриёни дар Чорсӯ буда шитобон ба тарафи овози нақора рафтанд. Як тӯда бачагон ҳам ҳамон сӯ давиданд.
Мусофири мо низ бо ҳисси кунҷковӣ пайи онҳоро гирифта равон шуда, ба майдони Регистон баромад. Дар майдон як гулхани калон даргирифта меистод, се–чор нафар мард ба оташи гулхан хасу хошок мепартофтанд.
Дар болои боми қӯрбошихона, ки иборат аз бинои пастаки дарозе буд, ду марди сурхҷомаву сурхсалла дуҳул мезаданд. Восеъ донист, ки ҳозир миршаб омада қӯрбошиҳо
– посбонони шабонаи шаҳрро таъин мекунад: ӯ ин маросими таъини қӯрбошиҳои шабро дар Ҳисор, Ғузор ва Қаршӣ дида буд. «Миршаб, ки омад, ман ҳозир дар худи ҳамин ҷо аз ӯ Назирро мепурсам»–ба дилаш ҷазм кард Восеъ.
Аз ҳар ҷониб одамони шалворпӯши пиёдаву савора, дар дасти ҳар кадомашон шашпар, табарзин, шоф ва бештар қӯрбош–найзаи дароз, омада дар сари гулхан ҷамъ шудан гирифтанд. Инҳо шабгардон–одамони миршаб буданд. Бомҳои хонаҳои атрофи Регистон дар як дам аз занҳои фаранҷипӯшу чодирпӯш ва писарбачаву духтарбачагон пур шуданд: онҳо маросими табдилу таъини қӯрбошиҳоро тамошо мекарданд. Ба пеши дӯконҳо, самоворхонаҳо, ки бар болои дарҳошон шамъ ва фанарҳо фурӯзон буданд, низ соҳибони онҳо барои тамошо баромаданд.
Бачагони бо шӯру ғавғо ба наздики гулхан омадаро қӯрбошиҳо аз он ҷо пеш мекарданд. Алангаи гулхан торафт баландтар мешуд.

пешина
аз 471
навбатӣ