Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бародарам марди покдин, худотарс аст, одамкуш нест. Адолат кунед, тақсир...
Остонақул ба тарафи ӯ сар ҷунбонид, ки яъне фаҳмидам ва дигар ҳоҷати гап нест. Баъд бо ҳамон овози паст гуфт:
– Аризаатро дидам. Ба болояш навишта ба дорулҳукумати Шаҳрисабз фиристодам. Қозӣ, раису миршаб боз тафтиш карда мебинанд. Агар бародарат дар он ҳодиса воқеан бегуноҳ бошад, ӯро озод мекунанд.
Аз байни мардум як шахси салладори муллонамо ба Восеъ имою ишорат карда даст ба сина мегузошт ва хаму рост мешуд. Восеъ фаҳмид, ки он шахс ба ӯ «таъзим кун»
мегӯяд. Воқеан мусофири кӯҳистонии ба таъзиму тавозӯъ одат нокарда бо як даст миёнбандашро қапида рост истода буд. Ӯ зуд ба як тарзи уҳданобароёна қоматашро хам карда, ду даст ба рӯйи шикам ниҳода ба тарафи ҳоким «қуллуқ, қуллуқ» гуфт.
Бий–додхоҳ аспашро ҳаракат дод, ки яъне арзпурсӣ тамом аст, аммо Восеъ боз савол дод:
– Тақсир, ман бародарамро дидан мехоҳам, агар Шаҳрисабз равам, ӯро ба ман нишон медода бошанд?
Ҳоким ба аломати тасдиқ сар ҷунбонда ҷавоби муҷмале дод:
– Агар бародарат бегуноҳ бошаду халос шуда барояд, ӯро мебинӣ, албатта.
Остонақул ва навкару ясавулонаш равон шуданд.
Мардум зуд Восеъро миёнагир карда забон ба таҳсину офарини ӯ кушоданд. Ӯ дар назари онҳо кори қаҳрамононае карда буд, ки «худи бий–додхоҳ»–ро нотарсона дар миёни кӯча боздошта бо вай саволу ҷавоб кард.
–Боракаллоҳ!.. Ёдат ба хайр, дохунда!.. Одами гурдадор будаӣ!..

пешина
аз 471
навбатӣ