Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бойбачаи тундхӯ Лутфияро на ин ки тасаллӣ дод, балки ҳақорат кард, гапҳои талху тунд гуфт ва ҳатто, ки қариб заданӣ ҳам шуд. Зани маҳбубаш Хайриро паст зада дуои бад ва таҳқир кардани Лутфия ба ӯ сахт расида қаҳрашро оварда буд. Шавҳари баддаҳон: «Ту манҷалақӣ ба нохуни пойи Хайрӣ ҳам намеарзӣ!» гуфта зани як вақтҳо маҳбубаашро таҳқир кард, ки ин ба Лутфия аз сад шаттаю шаллоқ бадтар ва дардноктар буд. Дили ӯ реш–реш гардид.
Марди ҷафокор дар охир:
– Чӣ ин қадар дод мегӯйӣ? Хӯрдагиат дар пешат, нахӯрдагиат дар пасат бошад, аз пӯшок, ҷиҳози хона камӣ надошта бошӣ, боз чӣ? Ношукрӣ накун, ки кӯр мешавӣ.
Ана ҳамин хел шиштан мегирӣ! Ман хоҳам ба пешат меоям, нахоҳам не. Зани талоқ медодагӣ ҳам надорам! – гуфта, ба дилу ҷигари Лутфия наштарҳои заҳрнок зада бадар рафт.
Мардаки бедард, нодон! Вай гумон мекунад, ки зан хонаву ҷояш, хӯроку пӯшокаш муҳайё бошад, хушбахт аст.
Намедонад, ки бе навозиши шавҳари дӯстдорандаву меҳрубон хӯроки зан заҳру зақум, пӯшокаш хори мағелон, хонааш зиндон аст.
Аз ҳамин рӯз сар карда Лутфия ҳақиқатан ҳам ба шавҳараш дилсард шуд, ӯро бад дид.
Аммо занак ба хорӣ ва забунии худ тан додан намехост. Вай ба фикру андеша рафт, тадбир ҷуст.
Алҳазар аз интиқоми зан, зани мағрури хоргашта ва аламзада! Алҳазар аз рашки ӯ! Ҳар касе, ки дар ин боб бепарвоӣ мекунад, ба сари худаш чӣ балоҳое намеоварад.


Дар ин ҷо шахси дигари ҳикояти мо ба майдон мебарояд. Ин шахс қарории Иноятуллоҳ бойбача, коргари боғи ӯ Амирқул аст.
Ӯ худ аз кадом як деҳаи наздики Тирмиз буда, ҳафт сол боз хизмати даргоҳи бойбачаро мекард. Марди ғӯли ҳузарбе буд, ки зарбулмасали «Каландаш сад ман хок мебардорад»-ро дар ҳаққи чунин касон гуфтаанд.

пешина
аз 471
навбатӣ