АХТАРОНИ АДАБ

Вазнин, камгап, ландаҳурнамо буд. Умраш ба сиюпанҷ рафта бошад ҳам, муҷаррад буд. Модари муштипараш ӯро ҳафт сол аз ин муқаддам ба мардикории шаҳрҳои калон фиристода буд, ки бо қуввати бозуяш пул ёбаду ба ватанаш баргашта дар зиндагии кампир зан гирад.
«Ман то баргаштани ту аз нӯги сӯзану дук рӯзамро гузаронда меистам» гуфта буд кампир, аммо то бозгашти писараш сабр накарда аз дунё чашм пӯшиду орзуи келин ва набераҳоро ба хок бурд.
Қарории ҳафтсола ба даргоҳи Иноятуллоҳ-бойбача якто ҷомаи Амирқулро дуто накард, аммо бо ин ҳама ӯ ҳанӯз аз дунё ва ба қавли худаш аз Худо умед дошт. Дар маҳалла монанди худаш қарориён ё камбағалони дигар кам набуданд, аммо Амирқул бо онҳо улфатӣ намекард, аз онҳо ягонто ёру ҷӯраи наздик ҳам надошт.
Фақат бо Назир, ки ӯро Иноятуллоҳ-бойбача дар ҳавлии навхариди худ ба дарбонӣ ва хизматгорӣ гирифта буд, дӯст шуд. Назир бо фармоиши хӯҷаин гоҳ–гоҳ ба боғи назди ҳавлии пушти ӯрда омада ҳамроҳи Амирқул кор мекард. Мусофири кӯҳистонӣ одами кордон ва ба боғдорӣ моҳир ки буд, Амирқул аз вай хеле чизҳо ёд гирифт. Дуяшон дар вақти кор ҳам, дар соатҳои дамгирӣ ва таомхӯрӣ ҳам чақчақ мекарданд. Албатта, гапро бисёртар Назир мезад, лекин Амирқул ҳам дар суҳбати ӯ як қадар забонаш кушода шуда, ҳатто баъзан агарчи бо душворӣ бошад ҳам якто–нимто ҳикояту латифаҳо мегуфт. Саргузашти аламноки дӯсташ ӯро хеле мутаассир карда, дар баробари ҳамин қадру манзалат ва одамияти Назирро дар чашми ӯ баланд гардонида буд.
Лутфия ҳамин Амирқулро силоҳи интиқоми худ қарор дод. Пештар занак аз вай мегурехт (рӯяшро пинҳон мекард), акнун фақат нима мегурехтагӣ шуд. Гоҳу бегоҳ бо баҳонае ба ҷойи кори ӯ ба боғ мерафт, ба ӯ худаш нону ош мебурд, аз ину он гапзанон ҳам мекард. «Шӯяш партофта рафтагӣ; аз афти кор занак зиқ мешавад», ба дил мегузаронд хизматгор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё