Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин мавҷ ва ин маҷроҳо туғён гирифта баъзан то ба андозае пеши роҳи ноадолатиҳо, нотавонбиниҳо, золимиҳову бедодгариҳо, бесарусомониҳову печидагиҳои зиндагиро гирифтаанд. Андаке бошад ҳам зимомдоронро ҳушёр сохтаанд, то ки нисбат ба мардуми меҳнатӣ заррае роҳи адолату шафқатро пеш бигиранд.
Яке аз чунин рӯйдодҳои таърихӣ ҷунбиши халқӣ дар қаламрави Хатлонзамин бо роҳбарии Восеъ буд. Ин ҷунбиши халқӣ дар як муддати кӯтоҳ пояи пӯсидаи аморати Бухороро дар он рӯзгор ба ларза овард. Ин муқовимати халқ ба шикаст мувоҷеҳ шуда бошад ҳам, барои беҳбудии рӯзгори мардумони одии заҳматқарину меҳнаткаш аз аҳамият холӣ набуд. Ин буд, ки корномаи Восеъ ва ҳамфикрону ҳамкорони ӯ дар таърихи миллат, барои халқ ҳамчун ёдномаи рӯзгорони тира боқӣ монд.
Халқ он рӯйдоди дардолуди таърихиро дар захираи зеҳнии худ абадан ҳифз хоҳад кард. Корномаи Восеъ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар саҳифаҳои дурахшону ҷовидонаи таърихи миллат инъикос ёфт. Ҳамчун падидаи таърихӣ арзиш касб намуд. Яъне арзиши таърихии он ҳамчун зуҳуроти таърихӣ ва иҷтимоӣ ва таърихи халқу миллат ворид гардид.
Пас аз он ба тафаккури бадеии худи халқ раҳ ёфт. Халқ ҳамчун эҷодкори таърих муносибати худро ба ин падидаи сиёсӣиҷтимоӣ изҳор намуд. Хонанда аз фарҳанги миллат ҳангоми муаррифӣ бо он падида, ғизои маънавӣ мегирад, мутаассир мешавад ва ин мутаассиршавӣ боиси худшиносии ӯ низ мегардад.
Баъд аз он падидаи мазкур ба осори бадеии касбӣ гузашт, ки ниҳоят муҳим ва арзишманд мебошад. Зеро адибону олимон мафкурабардорони халқу миллати хешанд. Ин ҷунбиши мардумӣ ҳамчун зуҳуроти адолатхоҳӣ ва таҳкимбахши беҳбудиҳо ба рӯзгори халқ дар эҷоди сухангустарону адибон бо ду роҳ:
яке дар осори драмавӣ ё худ асарҳои саҳнавӣ рӯйи кор омадааст, дигаре дар асрҳои бадеии назмӣ ва насрии адибони тоҷик роҳ ҷустааст, ки албатта, арзиши адабӣ-эстетикӣ касб намудани рӯйдодҳои таърихӣ ва симоҳои ҷудогонаи таърихӣ низ мебошад.

пешина
аз 471
навбатӣ