Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ин таҳқиқот оид ба инъикоси шӯриши Восеъ дар адабиёти шифоҳӣ ва хаттии тоҷик басо муфассал сухан рафта, моҳияти мундариҷавӣ ва бадеии осори ба ин шӯриш ва пешвои он бахшида таъкид ёфтааст. Дарки бадеӣ ва арзишҳои миллии ин осор барои хонандаи имрӯзи тоҷик, ки дар марҳалаи ҷаҳонишавии тамаддунҳо қарор доранд, ниҳоят зарур аст.
Тасвири бадеии корномаи Восеъ ва ёрони ӯ дар драматургия ва назми тоҷик, ки аз солҳои 20-уми садаи ХХ ин ҷониб давом доранд, гувоҳ бар онанд, ки дар адабиёти давраи нави тоҷик ғояҳои истиқлолиятхоҳӣ, адолатталабӣ ва ҳимояи марзу буми миллӣ тақвият ёфтааст.
Саволе ба миён меояд, ки кадоме аз эҷодкорон дар тасвиру инъикоси ин ҷунбиши таърихӣ ва офаридани нақши пешвои шӯриш – Восеъ муваффақияти бештареро соҳиб шудаанд?
Ҳангоми шиносоӣ бо осори бадеии манзум ва мансури ба мавзӯи мазкур бахшидашуда мо ба чунин натиҷа низ расидем, ки дар ин ҷода Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода гӯйи саодат аз пеши кулли адибон бурдааст. Асрори комёбӣ ва мояи муваффақияти ин адиби тавоно дар чист?! Ба назари мо, асрори эҷодӣ ва сабаби комёбиҳои Сотим Улуғзода дар таълифи романи «Восеъ», пеш аз ҳама, дар истеъдоди волои адиб, донишу маҳорат ва малакаи эҷодии адиб, таҷрибаи андӯхтаи ӯ то оғози солҳои 60-уми асри гузашта буд.
Аз тарафи дигар, донистани фарҳанги миллӣ, таърихи халқ, адабиёти пурғановату куҳанбунёд, дар ҳамин поя иттилооти комил аз сарчашмаҳои адабиии асримиёнагӣ, осори фаровони таърихнигорон низ мебошад. Ин омилҳо комилан имкон доданд, ки Сотим Улуғзода на танҳо дар қаламрави диёри хешу ҳаммиллатон, балки дар хориҷ аз он низ иштиҳори беҳудуд пайдо намояд. Аз ин рӯ, романи ӯ дар пояи баланди таълифи адабӣ-бадеӣ, мавзӯи таърихӣ ва санъату ҳунари эҷодӣ қарордошта, дар ҷодаи худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал меистад.

пешина
аз 471
навбатӣ