АХТАРОНИ АДАБ

– Акнун бовар кардӣ, ки ман туро нағз дида будаам?..
Бовар кардӣ?
Амирқул ба аломати тасдиқ овозе баровард. Лутфия даме сукут карду баъд якбора фих–фих гирист. Амирқул кай медонист, ки ин гиря ҳам аз макрҳои занак аст.
– Гиря?.. Чӣ гап? – безобита шуд мардак.
– Мани шӯрбахт! Мани сарсахт!.. Модаракам маро барои ғаму кулфат зоида будааст, Амирқулҷон, – зор–зор ашк мерехт занак. – Як кафшу масҳифурӯш... худаш ба мо хеш... «Ба ман расӣ ҳам мерасӣ, нарасӣ ҳам мерасӣ!» гуфта, ду пояшро ба як мӯза қава карда истодааст. Бибем дигар хешу табор ҳам ба ман часпидаанд, ки: ҳошо–калло хуб гӯй! Ба Иномҷон рас!.. Он мардак, илоҳӣ, афташ дар гӯр пӯсад, «агар ба ман нарасӣ, туро мекушам!» мегӯяд.
Лутфия як нафас сукут кард, то ки фаҳмад гапаш ба Амирқул чи таъсире кард. Дар торикӣ рӯйи Амирқулро дидан мумкин набуд, ӯ хомӯш буд, фақат фиш–фишкунон нафасҳои бурида–бурида мекашиду халос. Аз афти кор ӯ дар хавотиру изтироб афтода, дар ин ҳолат аз худ сухане берун кашиданаш боз ҳам душвортар гардида буд. «Майлаш, дам истад боз беҳтар, – ба дил гузаронд Лутфия. – Агар норозӣ шуда чуну чаро сар кунад, ман боз ба аҳволи ногувор мемонам. Вай албатта дар бобати хостгории Иномҷон фикру раъйи худи маро донистан мехоҳад. Ман ҳозир ҳаминро мегӯяму меравам».
– Ту ба ман раҳм кун, Амирқулҷон, охир чӣ кор кунам?
Илоҷам нест, акнун ман маҷбур, ки ба ҳамон гӯрсӯхта расам... Хайр, бевақт шуд, ман меравам. – Занак ба по хест.
– Не, истед, – аз домани ӯ кашид Амирқул. – Ба вай одам не гӯед. Вай не, ман худам. Ваъда додед–ку! Ман г...
хӯр шавам? Не! Ман аз ҷонам гузаштам, охир!
– Ман, албатта, ҳаракат карда мебинам, – гуфт Лутфия.
– Корам мушкил, Амирқулҷон. Ту хафа нашав. – Баъд занак чунин ваъдае дод: – Агар ҳамин кор шуда монад ҳам, ман туро аз ёдам намебарорам, гоҳ–гоҳ ба пешат омада меистам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё