Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ӯ худро вақте ошкор кард, ки дид марди аз даричаи боғ намоёншуда Амирқул аст. Дуяшон бо нӯги пой қадам монда омада ба ҳезумхонаи торик даромаданд.
Лутфия гумон карда буд, ки мардак аввал ба вай дармеафтаду коми дил ҳосил мекунад, аммо бо тааҷҷуби вай Амирқул тамоман беҳавсала буд, гӯё ки бо ӯ дар ин ҳезумхонаи торику хилват на ин ки зани ҷавон ва нозанин, балки мард пинҳон шуда бошад.
Агар ӯ тақозо мекард, Лутфия ба таслим шудан тайёр буд, зеро мехост бо ин восита якбора «музди хизмат»-и Амирқулро адо ва гарданашро нарм карда, ӯро минбаъд ба таъқиб накардани худаш розӣ намояд. Зеро ки Иномҷони масҳифурӯш сидқию ҷазмӣ ӯро ба занӣ гирифтанӣ буд.
– Худам ҳам туро диданӣ будам, аммо намедонистам дар куҷо туро танҳо ёфта метавонам, – пичиррос зада гап сар кард Лутфия. Ӯ ки боре пояш дар гили дурӯғгӯйӣ дармонда буд, дигар гапи рост зада наметавонист. – Ёдат ба хайр, Амирқул, ту ҳақиқатан мард будаӣ!
– Назир... бегуноҳ... – овоз баровард Амирқули сиёҳбахт ва кӯдаквор гиря карда фиристод.
Аз гиряи ин марди қавии шерафкан ҳатто дили санги Лутфия ҳам об шуд.
– Хайр, ғусса нахӯр, Амирқул... Чӣ илоҷ, кори дунё ҳамин хел будааст... – Маккора ба Амирқул наздик нишаста дасташро ба китфи ӯ партофт. Рости гап, ӯ мехост ҳирси мардакро бедор кунаду ба ӯ таслим шавад. Ин ба ҳар ҳол дуяшонро як дам аз фикру хаёли вазнин дар бораи ҷинояти хунинашон фориғ ҳоҳад кард.
Баъди андак фурсат занак ба ин мақсади худ ноил ҳам шуд: ба Лутфия барин маккораи зебо ва танноз ин кор душвор набуд. Мардаки заннодидаву якбора нозанинеро дар бағал кашида он қадар тапид, он қадар саросемаву саргум гашт, ки Лутфияро беихтиёр ханда гирифт.
Пас аз он ки Амирқул, комрон ва мамнун фурсате ғаму андӯҳро фаромӯш карда осудахотир шуд, занак гуфт:

пешина
аз 471
навбатӣ