Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ ДАҲУМ

Рӯзе аз рӯзҳои гарми тобистон дар Шаҳрисабз ҷамоати яке аз масҷидҳои канори шаҳр намози пешинро хонда баромада дар буни девори масҷид марди дарвешнамоеро диданд, ки сар ба зону хам карда дар ҳолати муроқиба нишастааст. Ӯ бисёр лоғар, мӯй ва риши расидааш жӯлида, сару танаш ниҳоят чиркин ва пора–пора буданд. Мардум аввал гумон карданд, ки гадое бошад, аммо гадоён одатан бо тубраву асо мегарданд, ин мард бошад, на тубра дораду на асо. Дар баҳри фикру хаёле ё шояд дар гирдоби ғаму андуҳе ғарқ шудаасту ба касе ҳам нигоҳ намекунад.
Аз ҷамоат яке ба сари ӯ рафта савол кард:
– Бандаи Худо, ту кистӣ? Чикораӣ?
Дарвеш хастаҳолона сар боло карду гуфт:
– Ба ман кордор набошед. Ман як мусофирам. Камтар дам мегираму меравам.
– Охир, бигӯ, аз куҷо меоӣ ва куҷо меравӣ?
Мусофир як дам сукут карду гуфт:
– Имрӯз аз зиндон баромадам.
Ба сари ӯ саволҳо бориданд:
– Аз зиндон?.. Ба чӣ гуноҳ зиндон шуда будӣ?.. Магар бегуноҳ баромадӣ, ки озодат карданд?..
Хонандагон, албатта, пай бурдаанд, ки ин марди дарвешнамо Восеъ буд. Ӯ хоҳу нохоҳ саргузашташро ба пурсандагон нақл кард. Миршаб ӯро ин пагоҳ аз зиндон бароварда гуфтааст: «Ба толеи ту гунаҳгор ёфт шуд, акнун ту озодӣ. Ба куҷое, ки хоҳӣ, рафтан гир, чор тарафат қибла!» Вақти ҳабсаш панҷ–шаш танга пуле, ки дошт, ҳамаро зиндонбонҳо аз ӯ кашида гирифта буданд, гардонда надоданд. Назири фирорӣ дар куҷо бошад, ӯ намедонад. Эҳтимол сар ба кӯҳу биёбон гирифта, пинҳон шуда гаштагист.
Ин ҷамоати иборат аз косибу ҳунарманд, деҳқон,

пешина
аз 471
навбатӣ