АХТАРОНИ АДАБ

дӯкондор аз воқеаи овозагаштаи Лутфия ва Амирқул хабардор, ки буданд, нақли Восеъро бо шавқу мароқ шунида, ба ҳоли ғарибони туҳматзада афсӯс хӯрданд ва аз халосии онҳо изҳори хушнудӣ намуданд:
– Бай–бай! Хайрият, ки ҳақиқат ошкор шуд!
– Ҳаминро гӯед–а! Набошад ин бечораи бегуноҳ дар зиндон мепӯсид.
– Бародараш ҳам як умр гуреза шуда мегашт.
– Охиру охирон боз ба даст меғалтид–дия! Ин бечора дар зиндон мепӯсиду бародараш ба даст афтад, вай ҳам бегуноҳ кушта мешуд.
– Аз касофати як зани ганда ҷони ҳамин қадар одам дар азоб монд!
– Дар азоб гуфтеду мондед? Як зани ганда як шаҳра вайрон мекунад–а!
– Иномҷони масҳифурӯша намегӯед!..
– Ҳа–я, бечора аз боиси ин манҷалоқӣ аввал занталоқ шуду баъд...
– Баъд бо манҷалоқӣ ду рӯз–се рӯз зиндагӣ карду вайро кушт, нағз кард.
– Астағфируллоҳ!..
– Тавба, тавба!..
– Иномҷонатон ҳам лекин йигити баномус будааст.
Ман ҳам бошам мекуштам.
Баъди ин музокираву муҳокима ҷамоат боз ба Восеъ рӯй овард.
– Акнун ту чӣ кор карданӣ ҳастӣ, бандаи Худо?
– Ба ватанам меравам.
– Ту бисёр абгор шудаӣ–ку... бо ин аҳвол чӣ тавр меравӣ?
– Аз зиндон зинда баромадам, акнун ин тарафаш осон.
– гуфт Восеъ. Пурдилӣ ва худбоварии ӯро зиндон ҳам кам карда натавониста буд.
Домуллоимом ба ҷамоати худ гуфт:
– Ғариб будааст, риёзат кашидааст, оё дар байни шумоҳо ягон савобҷӯ нест, ки инро ба хонааш бурда ду–се рӯз парво кунад, то ки ин бечора андак ба худ ояд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё