Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷаноби домулло аз чӣ сабаб бошад, ки худашон аз баҳри савоб гузашта онро ба дигарон вогузор карданд...
– Ташвиш накашед, тақсир, – лоқайдона гуфт Восеъ. – Ман андак дамамро гирам, баъд худам роҳамро ёфта меравам.
– Гадоӣ мекунӣ магар? Хайр, гадоӣ кун, ин дар ғарибӣ айб нест, – «фатво» дод имом.
Восеъ бо ин ҳама абгорӣ ва табоҳии аҳволаш гадоиро фикр намекард; маҳбусии понздаҳрӯза дар зиндон ғурури зотии ӯро шикаста натавониста буд. Ӯ аз «маслиҳати»
домуллоимом ранҷид. Мехост ба вай гапи сахт занад, аммо худдорӣ карда ҷавоб дод:
– Тақсир, ман ғариб бошам, азобу кулфат кашида бошам ҳам, он қадарҳо нотавон нестам, ки гадоӣ кунам.
Шукр аз дастам кор меояд, як бурда нони ҳалоламро ёфта хӯрда метавонам. Агар аз ин бародарон касе маро бурда кор фармояду ҳақ диҳад, майлаш меравам. Роҳхарҷии ман барояд бас аст.
Вай аз чеҳраҳои одамон медид, ки ҷавобаш ба онҳо писанд омад.
Як марди деҳқоннамо пурсид:
– Ту чӣ ҳунар дорӣ?
– Ман як деҳқони хокпошам, додар. Ҷуфтронӣ, даравгарӣ, хирманкӯбӣ кори ман аст Ҷувоз ҳам мекашам. Боркашӣ, гилкорӣ, аспбонӣ ҳам аз дастам меояд.
– Боракаллоҳ, – таҳсин кард як мӯйсафед. – одами баорият будаӣ. Ҳамин хел дилатро бақувват дорӣ, иншоаллоҳ, хор намешавӣ.
Марди солхӯрдае, ки аз чеҳраи гӯё дар оташ тобхӯрда ва ангуштони сиёҳаш ӯро оҳангар гумон кардан мумкин буд, гуфт:
– Биё, бо ман. Ман ба дарвозахонаам як ҳуҷра дорам, ту аввал дар ҳамон ҷо ду–се рӯз хоб карда даматро гиру ба худат биё, сонӣ як гап мешавад.

пешина
аз 471
навбатӣ