Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сотим Улуғзода баъди ба анҷом расонидани романи «Восеъ» таҳдқиқи бадеиро оид ба шӯриши Восеъ идома медиҳад ва соли 1971 асари саҳнавии «Восеъ»-ро пешкаши хонанда мегардонад. Ин ҳолат ба беш аз пеш тақвият ёфтани услуби эҷодии нависанда, ки ҳар мавзӯъро дар шаклҳои мақолаҳои илмӣ-публитсистӣ, осори насрӣ ва намоишномаҳо манзури хонанда мегардонад, ишора мекунад. Усули зина ба зина, дар шаклу ҷинсҳои барҷастаи таърихӣ дар мисоли Абулқосими Фирдавсӣ равшану возеҳ ба назар мерасад. Мақолаи дар «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) оид ба Фирдавсӣ навишта ва «Достонҳои «Шоҳнома» (1976, 1977) вазифаи тайёрӣ ба навиштани романи «Фирдавсӣ»-ро ба ҷо оварданд.
Масъулияти эҷодкории С. Улуғзода баланд аст, ки ин ҳолат, алалхусус, аз муқоисаи матнҳои маҷаллавӣ ва китобии романи «Фирдавсӣ» равшан мегардад. Махсусан, образҳои асосии асар
– Фирдавсӣ, Абӯдулаф, Ҳамдуллоҳи Найсонӣ дар матни китобӣ хеле такмил ёфтаанд. Инчунин таҳрироти нависанда бандубаст ва сужети асарро низ такмил додааст.
Дар романи «Фирдавсӣ» тасвири муҳити оила, фарҳанги оиладорӣ ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд мавқеи алоҳида дорад ва муҳтавои ин тасвирро усули муколама барҷаста ифода мекунад. Фирдавсӣ дар ин муколамаҳо чун шавҳари меҳрубон нисбат ба Фотимабону ва падари ғамхору масъулиятшинос нисбат ба фарзандон – Ҳушанг ва Манижа ба назар мерасад. Аз тасвири нависанда муҳити оилавии Фирдавсӣ чун масъалаи муҳимми иҷтимоӣ дар ҳама давру замон ба назар мерасад.
Ҳар боби романи «Фирдавсӣ» як масъалаи муҳимми иҷтимоӣ ва фарҳангиро дарбар кардааст. Дар боби «Мубоҳиса» забони миллӣ ва таъмин намудани рушду нумуи он ба миён гузошта шудааст. Шоир, дар тасвири С. Улуғзода, бонии забони миллӣ аст, онро аз забони арабӣ кам намедонад ва чун ашъори Рӯдакиву Дақиқӣ, Абӯшакури Балхӣ дар мисоли «Шоҳнома»
кохе бунёд кардааст, ки забони миллиро дар дарозои таърих аз аҷнабиёни истилогар чун сипар нигоҳдорӣ мекунад.

пешина
аз 471
навбатӣ