Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Восеъ атвору кирдори амлокдорони Ховалингу Сарихосорро мисол овард, воқеаи ҷаримакашии худаш ва ҳабси Назирро нақл кард. Ӯ Назирро ба худ бародари қиёматӣ, «дудунёӣ» номида буд, ки рус ҳам, тотор ҳам ба ин нукта мароқи хосе зоҳир карданд. Наход, ки Восеъ маҳз аз пайи халосии Назир ин ҳама сарсонӣ ва машаққати мусофиратро ба гардан гирифта бошад?
Восеъ дид, ки ҳамсуҳбатонаш як қадар дар тааҷҷуб мондаанд. Рус ба рӯйи Восеъ, мисли ин ки ӯро пеш аз ин дар куҷо дидани худро ба ёд меоварда бошад, бо диққати бештаре нигоҳ мекард. Ӯ боз нохост пурсид: агар аз халқи кӯҳистон пурсанд, ки оё фуқарои подшоҳи рус шудан мехоҳед ё не, фуқаро чӣ мегуфта бошанд? Худи Восеъ ба ин чӣ мегӯяд?
– Ман урусро бори аввал дида истодаам, – ҷавоб дод Восеъ, –чӣ хел будани онҳоро намедонам. Дар кӯҳистони мо якто–нимто одамони ҷаҳонгашта мегӯянд, ки урус за-
1 кун гуфтанӣ як чиз доранд, он закунро подшоҳашон дар хазина андохта мондагӣ; подшоҳ ҳар касеро, ки амалдор таъин кунад, ба вай ҳамон чизро бароварда нишон медиҳад. Дар закун чӣ хел фуқародорӣ кардан, чӣ қадар хироҷу закот гирифтан, мардумро беваҷҳ зиндон накардан, ҷарима накардан, азоб надодан, ҳамааш гуфта шудагӣ, амалдор аз ҳамон закун берун баромада наметавонистааст, агар берун барояд, подшоҳ даррав он амалдорро аз амал мефуровардааст... Ҳамин рост бошад ё дурӯғ?
– Агар рост бошад–чӣ?
– Рост бошад, кори нағз, соз будааст.
– Агар рост бошад, фуқарои подшоҳи рус шудан мехоҳед?
– Подшоҳи одилро кӣ намехоҳад? Ҳама мехоҳанд!
– Кофир бошад ҳам майлаш?

. Закун – закон, қонун.

пешина
аз 471
навбатӣ