АХТАРОНИ АДАБ

– Подшоҳи кофири одил аз подшоҳи мусулмони золим сад бор беҳ.
Руси малламӯй як дам ба андеша рафта, ба ёли аспаш чашм дӯхта роҳ паймуд ва баъд боз ба сухан даромад.
Гуфт, ки Восеъ марди оқил, далер, ҳақгӯй менамояд, аммо ӯ, яъне калони даста, боре то Ҳисору Кӯлоб рафта буд, тоҷикон ба назараш мардуми дарундор, муғамбир, ҳилагар намуданд... Сабаби ин чӣ бошад?
Акнун ин дафъа Восеъ дар андеша монд. Бори аввал буд, ки вай дар бораи халқи худаш чунин ақидаеро мешунид.
– Агар ту амалдорон, сипоҳиёнро гӯӣ, гапат ҳақ, тӯра, – гуфт ӯ, – дар байни онҳо ягонто одами дилсоф нест.
Ҳамаашон қаҷдиланд, ҳаромхӯранд. Давлатманд бошӣ, хушомадат мегӯянд, фақир бошӣ, сангат мезананд. Мо мардуми беозорем, тӯра, ба ҳеҷ кас бадӣ намекунем. Ҳар касе, ки ба кӯҳистони мо меояд, агар одами хуб бошад, сагворӣ газандаву гургворӣ даранда набошад, мо иззаташ мекунем. Ҳар як тоҷики фақир чизе, ки дар бисоташ бошад, хоҳ якто нонаш ва хоҳ як каф талқонаш бошад, ба пеши ӯ меоварад... Эҳтимол, тоҷиконро ба ту ҳамон амалдору сипоҳиён бад карда бошанд, тӯра.
Дар ин ҷо ба ёди Восеъ ҳикояте, ки як вақтҳо дар Норинҷ аз бобояш Белак шунида буд, омад. Ӯ ба рост будани ин ҳикоят ҳеҷ шакку шубҳае надошт. – Мардуми мо нақле доранд, гӯш кун, тӯра, ман ба ту бигӯям:
–Бобоҳои мо, тоҷикон, дар замонҳои қадим аз Балх омада дар кӯҳистон ҷойгир шуда будаанд. Баҳодур будаанд онҳо, ҳунарманд будаанд, ҳар кадомашон чандин ҳунар медонистаанд. Кӯҳистон ҳама гургхонаву шағолхона будааст, онҳо ободаш кардаанд; сангҳоро чида, замин кушода деҳқонӣ кардаанд. Боғу бӯстонҳо кардаанд. Дар кӯҳҳои баланд шаҳру қалъаҳо сохтаанд. Баъд ҳамаашон даст ба каланду досу поза шуда, шамшерзаниро кам–кам аз ёд баровардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё