Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шамшерҳошонро ба шифту девори хонаҳо овехта монда будаанд, ҳамааш занг задааст; ҷойи чақар–чақари шамшерзанӣ, тақар–тақари суми аспон, ғулғули ҷангро нағмаю наю созу думбра гирифтааст. Аспони бодпойи майдонтоз ҳама корзада, зоташон вайрон шудаасту ба яккамехҳои онҳо бобоёни мо гову хар мебастагӣ шудаанд.
Як вақт аз тарафи Чину Мочин душман пайдо шудааст, лашкараш мисоли мӯру малах. Бобоёни мо аз барои ҷанг шамшерҳоро кашиданӣ шаванд, шамшерҳо аз ғилоф намебароянд: ҳама занг зада ба ғилофҳо часпида мондаанд. Душман мамлакатро зер кард, гирифт, гурехтагӣ гурехт, мондагӣ монд. Қалъаҳо вайрон, шаҳру қишлоқҳо хароб, кишту боғу бӯстонҳо поймол шудаанд. Сипоҳи душман даст ба ғорату яғмо зад, занону духтарони зеборо асир кард, бурд. Гурезаҳо тору камари кӯҳҳоро ба худ макон сохта зиндагӣ карданд, боз зиёд шуданд. Ҳозира тоҷикони кӯҳистонии мо авлоди ҳамон халқи гурехтагӣ будаанд. Аз ҳамон вақт ин ҷониб тоҷикон ҳар одами бегонаро бинанд, метарсидагӣ шудаанд; дарундору кинадор шудаанд; сиррашонро ба бегона намегуфтагӣ шудаанд.
Душман ба сари онҳо аз худаш миру ҳоким, раису қозӣ, амлокдору закотчӣ монд, ҷабру зулмро аз ҳад гузаронд.
Чандин моҳу сол гузашт, аз миёни халқ Фароз ном як марди доно баромад, ба халқ гуфт: «Ман Мадина меравам, арзу доди халқро ба халифа мерасонам». Ҳоким тобеи Умар-халифа будааст. Фароз аз биёбонҳои беоб, аз дарёҳои шӯр, аз ҷангали Мозандарон гузашт, бо чӣ қадар азобу машаққат ба Мадина расид. Дид як пирамарди нуронӣ дар пеши хонааш лой андохта хишти хом рехта истодааст, Фароз пурсид:
–Бобо, хонаи халифа куҷо бошад, намедонӣ?
Пирамард гуфт:
– Ба халифа чӣ кор дорӣ?
Фароз гуфт:
–Аз Машриқзамин омадам, аз болои миру ҳокимони золим арз дорам.

пешина
аз 471
навбатӣ