АХТАРОНИ АДАБ

– Банда Мулло Сафари котиб ва наққошам, – бархоста ду дасти адаб ба пеш гирифта гуфт Мулло Сафар. – Банда дербоз муштоқи дидори файзбор ва шарафосори ҳазратам будам, шукр ки имрӯз ба карами раббонӣ ва инояти субҳонӣ ба дидорашон мушарраф шудам.
«Ҳазрат» каллаи калони ба як сӯ хамашро хамтар карда нохушнудона чизе ғур–ғур карду ба суфаи зери садаи пире, ки дар он ҷо ходимони мазор ҷой таҳия карда буданд, рафта нишаст. Ҳамроҳонаш дар гирду пеши ӯ ҷой гирифтанд.
– Биёед, шинед, – Махдум «мушаррафи дидор»-и худро ба наздаш хонд.
Мулло Сафар бо тавозӯъ пеш омада дар пойгаҳи суфа зону зад.
– Ман номи ш–шуморо шунида будам, – ин дафъа бо забони нармтар гуфт Махдум, хаттатон ва б–баъзе тавсияҳоятонро дидаам. Мулло Раҳмат, – Махдум ба яке аз ҳамроҳони ҷавонтараш ишора кард, – дар кадом нусхае ба ашъори ш–шумо бархӯрда, ду–се қитъаро п–пеши ман хонда буд. Афсӯс, ки х–худатон ягон бор ба п–пеши мо наёмадед. Ман шуморо як м–марди сарбаланд ва муфтахир г–гумон карда будам, лекин шумо б–ба пойи ман афтода худатонро х–хору забун гирифта, маро х–хиҷолат додед. Чӣ ман вазирам, қ–қозикалонам, раисам магар?
Ман як нафар ҳамкасабаи ш–шумоям, вассалом. Ба Худо, ки «д–дидори файзбор» ҳам надорам.
Махдум дар ин ҷо як табассуми кушоду фарох намуда суханашро давом дод:
– Агар ин ришу ин саллаи маро «ф–файзбор ва ш– шарафсор» гӯед, онро ш–шумо ҳам доред. Ё агар муроди ш–шумо ин каҷкаллаи калони ман бошад, ман то алҳол аз ин к–калла ғайр аз ғаму ғ–ғусса дигар ҳеҷ ч–чизе ҳосил накардаам. – Давоми суханашро Махдум боз бо ҷиддият гуфт: – Таъзиму т–тавозӯъ дар пеши як нафар монанди худӣ хуб нест, хилофаш ш–шарофати одамист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё