АХТАРОНИ АДАБ

Назир як дараҷа ба худ омада қуввате пайдо карда буд, ки вай ҳам аз ҳафтаи сеюм сар карда ба ҳаммолӣ ва мардикории ҳаррӯзаи Восеъ ҳамроҳӣ намуд. Онҳо баъзан, агар дар ҷое ба кори кашолтаре банд шуда монанд, ду рӯз–се рӯз муллоро дар ҳуҷрааш танҳо гузошта, ғоиб шуда мерафтанд.
Дар шаҳр ва боғоти он чӣ бисёр – ангур бисёр аст, мусофирони мо рӯзи дароз ба нону ангури фаровон ва арзон қаноат карда, фақат шабҳо гармаке мехӯрданд. Навъ ба навъ ангури сершираву ширини Самарқанд ба Назир бисёр нафъ кард – вай баъди як моҳ сиҳату қуввати танашро барқарор намуда, қариб ба ҳолати пештарааш баргашта, баробари Восеъ кор мекардагӣ шуд. Дар охири моҳи дуюм вай боз ҳамон Назир–паҳлавони пештара гардида буд.
Дар арзи ду моҳ дуяшон панҷу шаш пасандоз карда тавонистанд.
Дар охири тобистон Мулло Сафар китобаташро тамом карда ба Бухоро баргаштанӣ шуд. Мусофирони мо ҳам ёди ватан карданд. Онҳо Мулло Сафарро ҳамроҳи худашон ба кӯҳистон, ба зиёрати ёру диёр ва хешу табораш таклиф намуданд, зеро ӯ гуфта буд, ки дар Сарихосор хоҳару ҷиянҳо ва амакбачаҳо дорад. Мулло–Сафар гуфт, ки имсол ба кӯҳистон рафта наметавонад, аммо баҳори соли оянда, «агар Худо насиб кунад», ба он тарафҳо сафар карда, ватани аз ин чилу панҷ сол пеш монда омадааш ва хешу таборашро дида меояд.
Восеъ ва Назир азимати кӯҳистон намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё