Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар сари болини амири ҷонкандаистода бисёрии «аркони давлат» ҳозир, аммо фарзандони худи ӯ ғоиб буданд.
Каттатӯра Абдулмалики «оқипадар», пас аз шикаст хӯрданаш аз зарбаи муттаҳидонаи генерал Кауфман ва лашкари амир, аз ин чордаҳ сол муқаддам сар ба ғурбат гирифта дар Пешавари Ҳиндустон мезист, Абдумуъмин– тӯра ҳокими Ҳисори Шодмон, валиаҳд Абдулаҳадхон– ҳокими Кармина, Акрамхон–ҳокими Ғузор ва Ҳакимхон – ҳокими Чорҷӯй дар вилоятҳои худашон нишаста буданд, онҳо бе рухсати падар ҳақ надоштанд қалъаҳошонро тарк кунанд.
Аммо Акрамхон, писари дӯстдоштаи амир, бо ихтиёри худаш аз Чорҷӯй омада буд, ки падарашро бинад ва бо ӯ видоъ кунад. Бий–додхоҳ ва қушбегӣ ӯро ба ҳузури падараш роҳ надоданд. Онҳо метарсиданд, ки мабодо амири ақлкоста дар дами маргаш ин писари худро ба ҷойи Аҳадхон, ки падараш ӯро дӯст намедошт, валиаҳд карда намонад. Дар ин ҳол, албатта, ҷангу ҷидоле сар мезад ва ба лашкаркашии генерал–губернатори руси Туркистон ба болои Бухоро, зоҳиран барои муҳофизати ҳуқуқи Аҳадхон, баҳона пайдо мегардид. Охир, ба валиаҳдии Аҳадхон худи императори Русия раъй додааст, ин ҳазл не.
Ҳакимхон гирёну нолон ба «аёдати қиблагоҳ»–и худ иҷозат мепурсид, як нафар аз хӯҷаҳо–хонадомодҳои амир ба додарарӯсаш раҳмаш омада, илтимос кард, ки бий– додхоҳ худаш амирзодаро як бор ба Ширбадан барад, Остонақул дар ғазаб шуда ба хӯҷа: «Валлоҳ, ки ҳозир саратро мегирам» гуфта як дӯғ зада буд, ки хӯҷа тавба карда бадар рафт.
Дигар ҳафт писари худсоли амир дар пойтахт назарбанд (ҳабси хонагӣ) карда шуда буданд. Аммо агар онҳо озод мебуданд ҳам, аз тарси бародари валиаҳдашон ҷуръати ба Ширбадан рафтан намекарданд, зеро Абдулаҳадхон ҳар як мулоқоти бародаронашро бо падар фитнае ва иғвое ба муқобили худ медонист.

пешина
аз 471
навбатӣ