АХТАРОНИ АДАБ

Ба ростӣ, ки аз дасти ин марди бебок ҳар чиз меояд. Охир, вай бо эътибори нахустфарзанди амир Насруллоҳ ва бародари калонии Музаффархон буданаш ба амир шудан ҳақ ҳам дорад. Ба илова, дар байни аъёну ашрофи мамлакат тарафдоронаш ҳам кам нестанд. Боз Остонақул дар қиёфа ба амир Музаффархон хеле монанд аст: ҳамон симои хуросонии хушсохт, ҳамон чашмҳои мешии на хурду на калон, ҳамон риши хурдтараки сиёҳу сафед. Бий–додхоҳ ба зоҳир на ин ки ба дарбории олинасаб ва ҳокими муқтадир, балки мисли Музаффархон бештар ба муллои қоматбаланди қоқинае шабоҳат дошт. Ин шабоҳатро тасбеҳи ёқутии вай, ки доим дар кафаш гирдгардон буд, боз ҳам қувват медод. Ба амир монанд будани Остонақул дар мавриди даркорӣ ба фоидаи ӯ хизмат карда метавонад. Қушбегӣ ба ҳамин навъ фикру хаёлҳо мерафт.
Пӯшида намонад, ки Остонақул аз зани эронии амир Насруллоҳ таваллуд ёфта ва бародари ғайрирасмии Музаффархон ҳисоб меёфт. Насруллохон модари ӯро дар вақти ҳомила буданаш талоқ карда, ба амалдори худ Аббос-бий дода буд. Зан пас аз ҳафт моҳ зоид. Гуфтанд, ки бача пеш аз вақт таваллуд ёфт, аммо дар ҳақиқати ҳол вай дар нуҳ моҳи расо таваллуд ёфта буд. Падараш лозим донист, ки бача фарзанди Аббос–бий ҳисоб шавад, вале бо вуҷуди ин кӯдакро ба даргоҳи худ гирифта калон кард.
Чун Насруллоҳхон фарзанди худаш будани Остонақули кӯдакро ба расмият эътироф намекард, дигар воқифони асрор ҳам дар ин бобат ба лабҳошон муҳри хомӯшӣ зада буданд. Шояд амир Насруллоҳ аз эронинажод будани ин нахустфарзанди худ андеша мекард: охир, бухориёни суннии муассиб валиаҳдии писари аз зани шиъамазҳаб таваллудёфтаро ҳаргиз қабул нахоҳанд кард... Чун бача ақлашро шинохт, модараш ба вай кӣ будани падарашро маълум кард, аммо савганд дод, ки ҳаргиз ин сирро назди касе ифшо нанамояд, то вақте ки худи падараш ба ин иқрор нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё