Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ ЧОРДАҲУМ

Акнун мо бояд, ки боре ба Кармина равему бо тӯраи валиаҳд шиносо шавем, ба ҳолу кори ӯ мулоҳиза намоем.
Чордевори баланди дандонадори ӯрда ё худ қалъа қариб нисфи Карминаро печонда гирифтааст.Нисфи дигари он дар берун монда, ба гирдогирди ӯрда ҷойгир. Арки ҳокимнишин дар даруни ӯрда (қалъа) ба болои тали рӯйпаҳне воқеъ буда, аз он ҷо гӯё ин шаҳри хурдтаракро дидбонӣ мекунад. Хонаҳои пастаки шаҳр гӯё аз тарси ин дидбони қоҳиру хашмгин ҷафс–ҷафс ба ҳам омада, домани якдигарро гирифта, ғуч–ғуч ба даруни дарахтон паноҳ бурдаанд. Дар дами дарвозаи қалъа рамзи ҳукмдорӣ – шашпари ниҳоят калони чӯбинеро овехта мондаанд. Дар даруни қалъа, дар паси ду дарвозаи оҳанкӯби дарун ба дарун, Абдулаҳадхон тӯра рӯзҳо ва шабҳоро бо камоли бесабрӣ дар интизории марги падараш ба сар меовард.
Вай ҳамаи шуғли ҳокимии худро ба як сӯ ғундошта мондааст. Аз соҳибмансабони худ ӯ ғайр аз Усмонбеки девонбегӣ ва Яхшибеки удайчӣ касеро ба ҳузураш қабул намекунад. Инҳо содиқтарин ғуломони ваянд, ки бо як назар майлу хоҳиши ҳокими худро дарёфта, дар пайи иҷрои он майлу хоҳиш ба ҷон мекӯшанд.
Валиаҳд ба хабари вафоти амир нигарон аст. Ин хабар ӯро якбора соҳиби тахти аморат, молики риқоби сеюним миллион фуқарои мамлакат хоҳад кард. Ба назари тӯра вақт хеле ба оҳистагӣ мегузарад. Ӯ хавотир кашида фикр мекунад, ки мабодо мисли ду моҳ пеш падараш боз сиҳат ёбад! Инро фикр мекунаду ба худ ларзида дар дилаш мегӯяд: “Не, не, ҳеҷ мумкин нест, ки вай намирад! Бояд бимирад!” Тӯраи интизор гоҳ–гоҳ сабру қарорро аз даст дода мехезаду рӯ–рӯйи боргоҳи худ–хонаи калони сафед гардиш мекунад, ҳар дам аз дарича ба рӯйи ҳавлии берун назар меандозад: оё қосиди қушбегӣ бо он хабари дилхоҳ наёмада бошад?

пешина
аз 471
навбатӣ