АХТАРОНИ АДАБ

Ҷамоат ҳама якбора дастҳоро боло карда, ӯро дуо намуданд, муборакбод гуфтанд. Баъд маросими дастбайъат, яъне дастбӯсии амири нав, ки ин дар айни ҳол қасами садоқатмандӣ ва фармонбардорӣ ҳисоб меёфт, сар шуд. Аввал хоҷаи калон – сари рӯҳониён, баъд нақиб – ин ҳам аз ҷумлаи сарони рӯҳониён, аз паси ӯ қушбегӣ Шоҳмуҳаммади пир, Остонақул бий–додхоҳ, Муҳаммадшариф-девонбегӣ, сониян саркардагони лашкар– парвоначиҳо, иноқҳо, бийҳо, аз он пас мансабдорони пасттар дуқат шуда рафта, аз се палла зинапоя баромада, як–як дасти амири навро гирифта бӯсиданд.
Амир бо қиёфаи дилгиронае менишаст, аз кашол ёфтани дастбайъат зиқ шудани ӯ аён буд; зоҳиран ба дилаш мегуфт: ҳамаатон тезтар ин дастбайъати сабилмондаатонро тамом кунеду аз ин ҷо дафъ шавед, ки сарам дард гирифт, ман мехоҳам то намози пешин соате хоб карда дамамро гираму ба худ оям...
БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Бегоҳии рӯзи тахтнишинӣ, вақте ки Остонақул ба саломхонаи арк даромад, амири ҷавон ба истиқболаш ҳатто аз ҷо бархоста то пойгаҳи хона омада, дар пеши назари бузургони мамлакат бо вай вохӯрдии бағалкаш кард.
Аҳадхон аз вай миннатдор буд, – охир, бий–додхоҳ рақибони амири нав – бародарони ӯро «саришта» карда аз фитнаи эҳтимолии онҳо пешгирӣ намуд, ба илова, то аз Кармина ба Бухоро расида омадани валиаҳд вафоти амири собиқро ба як тарзи мудаббирона аз халқ пинҳон дошта тавонист. Ба ҳамин тариқ, ӯ барои осудаву хотирҷамъ бар тахт нишастани амири нав мадад расонд. Илтифоти хоси Аҳадхон нисбат ба Остонақул аломати он буд, ки вай аз ин хизмати содиқонаи амакаш розӣ аст ва аз ӯ қадршиносӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё