Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Камина, дарвоқеъ, аз ҷониби шумо ҳеҷ як гапи ҷогаҳӣ надорам...Камина як оҷиза дорам, ба канизакии ҷаноби олӣ меарзида бошанд–мӣ гуфта, умед карда омада будам.
Аммо хостам, ки аввал ҷаноби шуморо дида маслиҳататонро гирам.
Яхшибек поҳояшро ғундошта, чорзону нишаста, ба тарафи гӯянда хам шуд:
– Оҷизаат чандсола?
– Чордаҳро пур карда ба понздаҳ қадам монд, тақсир.
– Хушрӯй–мӣ?–ибо накарда рӯйрост пурсид амалдори амир.
– Агар бо назари илтифот нигаранд, дуруст... ҳуснаш ба худаш муносиб... – ба замин нигоҳ карда ҷавоб дод Қории мансабҷӯй.
– Хӯш. Боз чиҳо пешкаш кардан мехоҳӣ?
Бой ба маънии савол сарфаҳм нарафта, дар ҷавобаш тааммул кард.
– Ҷаноби олӣ канизашон бисёр, – фаҳмонд удайчӣ, – ба каниз муҳтоҷ нестанд. Оҷизаи ту, майлаш, рӯйкаши пешкаш шавад, аммо худи пешкаш чист?
Бой фаҳмид, ки аз вай чизи калонтаре тамаъ доранд.
Ғайр аз тан додан чорае набуд.
– Ҳарчӣ ки шумо маслиҳат бинед, – нимтаъзим кард ӯ.
– Ман чӣ донам, ҳиммати худат медонад, – ҷавоб дод тамаъкор.
– Хуб, ман ягон пешкаши арзанда тахт мекунам.
– Мақсадат чист, Қорӣ? Аз ҷаноби олӣ ярлиғ мехоҳӣ?
– Аз худатон гап намемонад, тақсир, – ҷунбида боз нимтаъзим кард Мирзоакрамбой. – Амирам банданавозанд, агар хоҳанд, дарвоқеъ, бо як назари илтифот сари ғуломашонро ба осмон мерасонанд.
– Ярлиғ гирифта диҳам, ба ман чӣ медиҳӣ?
– Чӣ ки хоҳед, тақсир.
Удайчӣ каме сукут карду гуфт:
– Ишик–оғо–бошигӣ сад тилло, мирохӯрӣ саду панҷоҳ тилло.

пешина
аз 471
навбатӣ