АХТАРОНИ АДАБ

– Ризоҷон! Ту дар куҷо будӣ?.. Куртаат чиркин шудааст, бикаш, ман шуста диҳам. Гушна мондагистӣ? Мо чапотӣ пухтем, бишин, ман ба ту чапотии гарм меорам.
Зарбулмасал рост мегӯяд, ки «ишқ мушк аст, пинҳон натавон кард».
Ризо ин навъ меҳрубонӣ ва ғамхориро аз ҷониби Гулъизор бори якум буд, ки медид. Ба назараш духтарак ҳеҷ гоҳ чунин зебо, чунин дилрабо нанамуда буд. Вай ҳам хеле майл дошт, ки ба Гулъизор суханони ширини меҳрангез гӯяд, аммо боз худдорӣ кард.
Баъди ду рӯз Гулъизор пагоҳӣ аз ҳавлии дарун андаке лангида баромад. Кафи пойи чапаш бо латта бастагӣ буд.
– Ризоҷон, биё, ба боғ равем–чӣ? Ту чормағз афшонда медиҳӣ, мо мечинем, – Гулъизор «мо» гуфта ба Ҳасан ва Давлат, ки ҳамчунин аз ҳавлии дарун баромаданд, ишора кард. – Ба таги пойи ман як чиз баромадааст, дард мекунад, ман имрӯз ба дарахт баромада наметавонам.
Дар боғ Ризо дар байни шохҳои дарахт истода чормағз меафшонд, дид, ки Гулъизор ҳам ба дарахт часпида баромаданист.
– Поят захмӣ–ку, чаро мебароӣ? – аз боло гуфт Ризо.
– Майлаш, – ҷавоб дод Гулъизор. – Дардаш монд. Ман ҳам меафшонам, бачаҳо мечинанд.
Ӯ дигар дар кафи пояш латта дида намешуд, гурбавор ба дарахт часпида мебаромад. Ризо яқин кард, ки захми пой макри духтаронае будааст, то ки Ризо таклифи боғравии ӯро рад накунад. Макри ӯро ба дилаш хуш кард, меҳраш ба ӯ зиёда гашт. Гулъизор чормағзҳоро канда, шӯхона ба тарафи Ризо ҳаво медод. Ризо дошта мегирифт.
Хоҳиш мекард, ки Ризо ҳам ба вай чормағз партояд.
Дар поёни ин бозӣ Гулъизор баногоҳ пурсид:
– Ризо, чаро ту аз ман канора мегирӣ? Маро бад мебинӣ чӣ?
Ризо ба зудӣ ҷавоб надод. Баъди як сукути дароз гуфт:
– Бад мебинам ё не, худат медонӣ... Агар падару модаратро рӯйихотир намекардам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ