Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нақли Восеъ барояшон аз воқеаи зангирии ҳазрати шайх ҳам ғалатитар буд.
Қозӣ ба Саидасрор одам фиристод.
То баргаштани вай арзи дигар аҳли ҳоҷат баррасӣ ва мурофаа карда шуд. Восеъ «бӯрёи шариат»–ро барои он ҷо холӣ намуда, худ дар кунҷе интизор нишаст.
Саидасрор савора бо ду нафар мурид ё ки мулозими худ ҳозир гардид. Теғи нигоҳашро ба сӯйи Восеъ ҷилое доду бо ёрии ҳамроҳонаш аз асп пиёда шуда, тасбеҳ дар даст ва саллаи калони сафед бар сар, бо виқору тамкин аз болои намад ҷой гирифт. Ба хилофи интизори ҳозирон, қозӣ ба шайх чандон илтифоте ҳам намекард.
Бо фармони ӯ Восеъ суханонашро такрор кард. Нафрати вай нисбат ба Саидасрор дар ҳузури шайх боз ҳам аёнтар шуда, аз ҳар як калимааш садо медод. Ҳозирони кӯҳистонӣ–аҳли шаҳру деҳот, ки акнун шумораашон ба даҳ–дувоздаҳ нафар расида буд, ҳаргиз надида ва нашунида буданд, ки касе Саидасрорро ё монанди ӯ шахсони тақводор ва соҳибнафасро ба рӯяшон бо чунин далерӣ айбдор карда бошад.
– Тақсир, – муроҷиат кард Восеъ дар охири суханони аламнок ва шӯрангезаш ба қозӣ, – агар ин одам ҳақи худи маро мехӯрд, ман ба шумо арз карда намеомадам, чунки ҳақи мо фақиронро бе ин ҳам бисёр мехӯранд, аммо ин шайх аз Худо натарсида бозёфти як машкобии дар ғарибӣ ҷондода, ҳақи як пиразани бекасу кӯйро хӯрда рафт.
Охир, кас ба ин ноинсофӣ, ба ин ноодамӣ чӣ тавр тоқат мекунад?!
Аммо ин хитобаи ӯ, зоҳиран, ба қозӣ ҳеҷ таъсире накард. Қозӣ бо ҳамон расмияти хушки аз ҳиссиёт холӣ ба шайх, ки дар аснои сухани Восеъ ба худ ҳолати муроқаба гирифта, муҳраҳои сиёҳи тасбеҳашро шумурда пичирроскунон дуо мехонд, муроҷиат намуд:
– Шумо чӣ мегӯед?
Саидасрор дуояшро тамом карда дар ғояти ҳилму фурӯтанӣ дасте ба рӯяш кашиду гуфт:

пешина
аз 471
навбатӣ