АХТАРОНИ АДАБ

– Банда аз ноҷинсон ва хабисон бори аввал нест, ки туҳмат мешунавам, тақсир. Ин мард ё девона аст, ё ки хоб дидааст, ё ҳар ду.
– Гувоҳ дорӣ? – аз даъвогар пурсид қозӣ.
– Ана ҳамин муридонаш медонанд, – ҳамроҳони шайхро нишон дода гуфт Восеъ. – Боз ду нафари дигарашон ҳам буданд, дар пушти дари ҳуҷра истода гапи мову шайхро мешуниданд, баъд дар берун аз ман назру ниёз ҳам талаб карданд. Аммо инҳо магар иқрор мешаванд? Инҳо, ба домани шайхашон гард шинад, он гардро бо забонашон мелесанд, тақсир.
Қозӣ ба муридон нигоҳи саволомез кард.
– Туҳмат, тақсир, ҳақорат, буҳтон! – ғуррид яке аз онҳо. – Мо дар умрамон ин одамро дина якум бор дидем ва имрӯз бори дуюм дида истодаем.
– Мо даъвои ҳақорат мекунем, тақсир! – дод зад шарики вай.
Мардуми дар қозихона ҷамъшуда ҳусни таваҷҷуҳ ва хайрхоҳии худро, ки нисбат ба Восеъ доштанд, пинҳон ҳам намекарданд, балки инро бо нидоҳои ҷудогона, пичир–пичир ва ҷунбишҳои худ ифода менамуданд.
Қозӣ мисли одами хасташуда чашмонашро пӯшида каме фикр карду ба тарафи Восеъ гуфт:
– Шоҳид надорӣ, даъвоят ботил.
Восеъ ба танг омад, дармонд. Монанди каси тоқаташ тоқшуда яке ба по хест ва бо қаҳру ғазаб ба Саидасрор хитоб кард:
– Ҳой амак, ту як зарра номусу виҷдон дорӣ ё не?
Наход, ки динат, имонатро ба панҷоҳу панҷ танга фурӯшӣ?! Э садқаи он саллаю он тасбеҳ шав!
Саидасрор лабашро газид, рангаш канд. Ба қозӣ рӯй оварда гуфт:
– Тақсир, ин хабис ба ман на ин ки фақат буҳтон зад, балки–худатон шунидед – маро таҳқир ҳам кард. Ман ба вай даъвои ҳақорат дорам. Шумо қозии шариат, ки бошед, сазои ҳақораткунандаро диҳед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо