Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Аз куҷо? – ҳайрон шуд Восеъ. – Наход, ки шайх ба инсоф омада бошад?
– Вай ин пулро ба он бевазане, ки ту аз ҷонибаш додхоҳӣ кардӣ, садақа гӯён дода фиристодааст. Дигар тагашро накоб, ба кампир бурда расону дам гаштан гир. Шукр кун, ки пулро рӯёндӣ.
Ба ростӣ, ки ин қозӣ ба хилофи ҳамкасабаҳои дигараш, аз инсофу ҳақиқат холӣ набуд...

БОБИ НУЗДАҲУМ

Аҳадхон аз беки Балҷувон Ҳоҷибӯрон норозӣ буд: бек бо баҳонаи хушксолӣ ва ҳуҷуми малах се сол боз ба хазина даромади казоӣ намедод. Ба болои ин вай ба амири нав ҳам пешкаши арзандае наёвард. Ҳокиму бекҳои дигар ҳар кадоме панҷоҳ ҳазор то сад ҳазор танга пул, аспҳои нағз, ғулому канизакони зебо пешкаш оварданд, беки Балҷувон бошад баҳои пешкашаш аз нақдию молӣ бист ҳазор танга беш набуд.
Шоҳмуҳаммад-қушбегӣ ва Муҳаммадшариф-девонбегӣ ба муқобили Ҳоҷибӯрон иғво сар карданд. Қушбегӣ мехост ба ҷойи ӯ хоҳарзодаашро, ки яке аз саркардагони лашкар буд, бек таъин кунад. Аммо Аҳадхон номзади саркардаро рад карда, ярлиғи бекиро ба Мирзоакрамбойи мирохӯр дод.
Инак, боз ба сари Мирзои Қорӣ бози давлат нишаст.
Он рӯзҳо аз як гурӯҳ аҳолии қабилаи марқа ба номи амир аризае омада буд, ба ин мазмун, ки вақте онҳо кӯч карда ба вилояти Балҷувон гузашта буданд, лақайҳои дузд рамаи гӯсфандони онҳоро ба яғмо бурданд, чӯпонҳошонро баста, зада, чандеро маиб карданд ва ҳатто як нафарро куштанд; марқаҳо ба беки Балҷувон арз карданд, аммо вай барои дуздонро дастгир кардан ҳеҷ чорае надид.
Амир тафтиши ин аризаро ва дастгир кардани дуздонро ба беки нав Мирзоакрами мирохӯр ҳавола намуд.

пешина
аз 471
навбатӣ