Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Э, монед равад, – даст афшонд қозӣ. – Даъвояшро ботил кардам, шумо сафед шудед–ку, боз чӣ? – Ба Восеъ гуфт: –Рав. Мурофаа тамом.
Аммо баъд маълум шуд, ки мурофиа тамом нашуда будааст. Восеъ манзилаш – хонаи равғангари ошноро ба қозӣ гуфта буд, аз ақибаш ба он ҷо мулозим омада аз номи қозӣ ба вай гуфт, ки бегоҳӣ вақти намози дигар ба Намозгоҳ биёяд.
Қозӣ пас аз мурофиа Саидасрорро ба хонааш талабида дар меҳмонхонаи худ қабул кард.
– Ҳаринагӣ накарда пулро бароред, – якбора бе муқаддима гуфт ба шайх. – Яқин дорам, ки шумо аз Восеъ пулро гирифтаед. Вай бедарак даъво намекунад. Вазифаи ман буд, ки шуморо дар пеши мардум шармсор накунам, обрӯятонро нигоҳ дорам. Ин мақсад ҳосил шуд, ба шумо ҳамин қадараш бас. Панҷоҳу панҷ тангаро бароред!
– Э, тақсир, охир ман аз вай пул нагирифтаам, наход ки ман...
– Гапа кӯтаҳ кунед, бароред! – кафи дасташро кушода, сухани шайхро бурид қозӣ. – Ман пулро ба Восеъ медиҳам. Бо ҳамин тамом – вассалом, ҳақ ба ҳақдор мерасаду обрӯйи шумо ҳам намерезад. Ба Восеъ таъин мекунам, ки ин сирро пӯшида дорад, ба ҳеҷ кас нагӯяд. – Чун дуяшон ошно буданд, қозӣ бо забони улфатӣ илова кард:
– Шайх нашуда муред шумо! Духтари мироншоҳиро фиреб карда гирифтагетон кам буд, ки акнун ҳаққи беваро мехӯред? Аз барои панҷоҳу панҷ тангаи ҳаром ҳамин қадар хархаша? Бе пул мондед, зор шудед–чӣ?
Саидасрор мулзам шуда узр хост ва гуфт, ки ҳозир дар кисааш пул надорад, аз хона дода мефиристонад.
Баъди пешин хизматгори шайх ба қозӣ пулро оварда дод.
Бегоҳрӯзӣ Восеъ ба Намозгоҳ омада буд, ки мулозим ӯро ба назди қозӣ бурд.
– Ма, гир пулатро, – гуфта қозӣ ҳамёни тангаро ба тарафи вай ҳаво дод.

пешина
аз 471
навбатӣ