АХТАРОНИ АДАБ

Шаҳру қалъаро аз ҳар ҷониб кӯҳҳо ва сангобҳо иҳота намудаанд. «Дорулҳукумати ман! – бо фахру ғурур ба дилаш мегуфт Мирзоакрами мирохӯр. – Қалъаи ман аз қалъаи Ҳисор хурдтар бошад ҳам, аз вай баландтар, маҳкамтар аст».
Фармони аввалини беки нав ин буд, ки калонҳои қабилаи марқаро ба ҳузураш даъват кард. Онҳо ба зудӣ ҳозир шуданд. Аз гӯсфандони дузд бурда пурсишу посух ба миён омад. Маълум шуд, ки сардори дуздон Туғай Юлчии кӯлобӣ ҳар як дастбурди дуздии худро бо Ҳоҷибӯрони ҳоким ба ҳам медидааст. Аз ҳамин сабаб Ҳоҷибӯрон арзи соҳибони рамаи ба яғмо рафтаро намешунида ё шунавад ҳам, расидагӣ намекардааст. «У–у бало–е! – бо ҳасади ниҳонӣ дар ҳаққи беки собиқ мегуфт Мирзои Қорӣ ба дили худ. – Тавонистааст! Бояд аз Туғай бисёр чизу мол рӯёнда бошад!»
Вай Давлат-қаравулбегиро талабида, бо ӯ якка ба якка суҳбат кард. Пурсид, ки агар вай, яъне бек, фармон диҳад, Давлат дуздонро ёфта метавонад ё не?
– Фармон аз шумо, фармонбарӣ аз мо, – кафи даст бар сина зада, ба хизмат ҳозир буданашро изҳор кард қаравулбегии шуҷоъ.
Фармон дар худи ҳамон ҷо содир шуд: Давлат бояд, ки шабона чарогоҳи лақайҳоро тохта, қӯтанҳошонро пахш карда, гӯсфандонро ба ин тараф ҳай кунад.
Аз ин «кор» шахсан ба худи қаравулбегӣ ҳам бӯйи нафъи калоне меомад, бинобар ин вай бе таъхиру мусоҳила ба иҷрои фармон камар баст.
Шабона вай бо бист сарбоз номаълумак ба тарафи сарҳади вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаи ҳамсоя ҳаракат кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо