Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қӯтанҳои даркориро ёфтан душвор набуд. Чӯпонҳои лақай ҳам, албатта бо сарбозони яроқдори қаравулбегӣ қудрати сарпанҷа задан надоштанд. Онҳо ба осонӣ баста шуданд. Шаби дигар камобеш се ҳазор сар гӯсфанд ба қаламрави беки Балҷувон гузаронида ва дар кӯҳ пинҳон карда шуд. Ба ин тариқ, товони дуздии даҳ–дувоздаҳ нафар ҳамқабилаи роҳзанашонро лақайҳои бечораи бегуноҳ кашиданд.
Бо амри бек ҳазор сар гӯсфанд ба марқаҳои тороҷдида таслим карда шуд, ду ҳазор сар дар байни бек ва саркардаи ӯ тақсим ёфт: бек ҳазору ҳаштсад сар гирифт, боқӣ дусад сар «музди хизмати» бек гардид. Гӯсфандонро ба шимол – ба сарҳади Қаротегин бурда, ба рамаҳои Давлат ҳамроҳ карда монданд.
Лақайҳои ғоратшудаи Кӯлоб дод гуфта то Бухоро рафта бошанд ҳам, додашон ба ҷое нарасид, зеро бек дар номаи худ ба амир ҳамаи он лақайҳоро дузди ғоратгар ба қалам дода, саршумори гӯсфандони «содиршуда»–ро ҳам ҳазор сар нишон дода, ба соҳибонашон – ба марқаҳо гардонда дода шудани онҳоро «арзи бандагӣ» намуда буд.
«Тасаддуқи сари мубораки аълоҳазратам, сайидам, мавлоям шавам, – навишта буд ӯ ба амир, – аз давлати ҳумоюнӣ ин ғуломи ризоҷӯй ба болои лақайҳои дузд баромада гӯсфанду чизҳои дуздидаашонро бо иҷозати олӣ гирифта ба соҳибонашон дода, фуқаро ва раоёро дилдорӣ карда, ба умри давлати олӣ дуо гирифта, ваҷҳашро арзи бандагӣ менамоям». Ба илова, бек илтимос мекард, ки амир лақайҳои ба арз рафтагиро танбеҳ кунад ва ҷазо диҳад, зеро онҳо ҳама «иғвопеша ва каззоб ва бадҳаракат ва дуздони роҳзан» мебошанд, ки агар мабодо амир ба арзу додашон гӯш диҳад, хешу ақрабояшон «ҷасур мешаванд ва боз зиёдатар дуздӣ ва роҳзанӣ мекунанд».
Аз рӯйи таомул, амлокдорон ва дигар амалдорони вилоят ҳар рӯзе ба беки нав туҳфаю бахшишҳо меоварданд.

пешина
аз 471
навбатӣ