АХТАРОНИ АДАБ

Мирзоакрами шӯрбахт хоҳу нохоҳ хам шуда ҳамчунин ҳолати чорпо ба худ гирифту ба ҷойи бедонаи хоини худ ба ҷанг даромад. Ҳоҷиқул ва ӯ ба якдигарашон нул мезаданд, каллаҷанг мекарданд, якдигарро ба тагашон пахш менамуданд. Ҳоҷиқул мисли бедона бол меафшонд, питпилиқ мекард ва гоҳо бедона буданашро фаромӯш карда монанди хар ҷуфтак мезад. Ҳангомае, тамошое ба вуқӯъ пайваст, ки тамошобинон аз ханда ба дараҷаи дилкаф шудан мерасиданд. Тӯра шикамашро дошта, сарашро ба лӯлаболишти бахмал хам мекарду аспвор шиҳа кашида, шах шуда–шах шуда механдид.
Оқибат Мирзоакрамбойи фарбеҳу ғафс ба обу арақ ғӯтида нафасаш танг шуда ғалтида монд. Пешхизматони ҳоким ӯро ба пойгаҳ кашида ба сараш аз сатил оби хунук рехтанд. Бечора тамом аз ҳол рафта қариб буд, ки қолиб тиҳӣ кунад.
Аммо дар охир ин кулфату хории Мирзои Қорӣ, ҳар чӣ ҳам бошад, беҳуда нарафт.
Рӯзе аз рӯзҳо Яхшибек-удайчӣ, ки дар вақтҳои амлокдории Мирзоакрамбой аз ӯ ба тариқи туҳфаю бахшишҳо кам манфиат наёфта буд, аз рӯйи қадршиносӣ бойро ба хонаи худ даъват карда гуфт:
– Ноумед шуда гаштаӣ? Ноумед нашав. Ҳа, ту ба тӯраам ягон тортуқи арзанда кун, он тарафашро ман туғрӣ мекунам. Тӯра ба Масков рафта валиаҳд шуда омадан боз ҷаноби олӣ илтимосҳои тӯраро ба инобат мегирифтагӣ шуда монданд. Ҳа, тортуқат ба тӯраам маъқул шуда монад, ба қиблагоҳашон гуфта туро ба ягон амал таъин мекунонанд, албатта.
– Кошкӣ! – аз дили фигораш нидои пурҳасрате баровард Мирзоакрамбой. – Хоки поятон шавам, бек, илоҳӣ ба сад дароед. Шумо асил дӯсти ман, ғамхори ман ҳастед.
Агар гуфтагетон шавад, ман шуморо хурсанд накарда намемонам, бек!
– Мешавад, Қорӣ. Ҳа. Ба шарте, ки ту дар вақти тортуқ оварданат маро ҳам аз хотир набарорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё