Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Э, агар аз хотир мебароварда бошам, хотирамро аз дилам канда мепартоям–а, тақсир. Хотирам шумо барин дӯсти ғамхорамро нигоҳ надорад, ба ман интухин хотир асло даркор нест.
Бой пай бурд, ки ишора албатта аз тарафи худи тӯра шудааст, вагарна удайчӣ кай аз пеши худ ба бой ин гуна таклифро мекунад? Шодии ӯ туғён зада синаашро кафонда баромаданӣ мешуд. Оқибат офтоби толеи ӯ ҳам тулӯъ кард!
Баъд аз ду рӯз панҷсад тилло пули нақд вориди хазинаи ҳоким гардид. Мирзоакрамбой барои ин пешкаш панҷ таноб боғи худро фурӯхт. Ӯ хасис бошад ҳам, дар ҷое, ки манфиати нақд буд, пулашро дареғ намедошт. Яхшибек удайчӣ ҳам, албатта маҳрум намонд, ба ӯ панҷоҳ тилло расид.
Таги гап ин ки он рӯзҳо амир ба хотири писари валиаҳдаш Аҳадхон девонбегии ӯро беки Қубодиён таъин карда буд. Аҳадхон ба девонбегӣ фармуд, ки Мирзоакрамбойро ба худ ҳамроҳ карда ба Қубодиён барад ва дар ин ҷо ба вай амали закотчигиро диҳад. Албатта ба шарте, ки бой ба шукронаи ин амал ба ҳокимхонаи Кармина ягон пешкаши арзандае оварад...
Ба ҳамин тариқ Мирзоакрамбой ба муроду мақсади деринааш расида, закотчигии вилояти Қубодиёнро ба даст даровард.

БОБИ ДУЮМ

Дар кӯҳистони Кӯлобу Балҷувон водиҳои хурд–хурди
Хингоб, Сурхоб, Шӯроб, Оби мазор аҷаб ҷоҳои хушбоду
ҳавое мебошанд. Бештаринашон тагоб, яъне обшор ва
сердолу дарахтанд. Бару домани кӯҳҳои қабат ба қабат ва
талу кӯталҳои ҷафс аз аввали баҳор то васати тирамоҳ сабзу хуррам, чашмасорони бешумор оби зулоли худро ба
сойҳо, кишту боғу мевазорҳо ҷорӣ медоранд. Меваҳои ин
сарзаминро намегӯед! Себу анор, тут, олу, гелос, зардолу ва шафтолуи сершираву хушмазаи Балҷувон, Ховалинг, Сарихосорро кӣ намедонад!

пешина
аз 471
навбатӣ