Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар сари ҳафтаи дуюм вакили молиёти бек ба арз расонд, ки дар хазинаи шахсии вай дусаду чил ҳазор тангаи нақд ҷамъ шудааст. Гӯсфандон ба ин ҳисоб намедаромаданд.
Ба ин тариқ, Мирзои Қорӣ дар якчанд рӯзи бекии худ ҳамаи пулҳои дар талаби мансаб харҷ кардаашро дучанду сечанд бароварда гирифт.
Аммо ин ҳоло фақат «фатир аз нӯги хамир» буд...

БОБИ БИСТУМ

Аз назораи даштҳо, адирҳо, доманаҳои кӯҳсорон, чашм ҳаловат мебарад, дил меболад. Онҳо дар ин фасли гандумпазӣ ҳама зарнигор шудаанд. Дар ҳама ҷониб ғаллазорҳои тиллоранг дар шуълаи офтоби гармтоб медурахшанд. Гандуми расида гӯё аз гармии офтоб шалпар шуда, пинак рафта, саракҳои вазнини худро хам намудааст.
Гоҳ–гоҳ насими сабукпарвози кӯҳистонӣ бол афшонда, бо замзамаи латифи худ селаҳои гандумро аз пинаки ширин бедор мекунад ва нозук–нозук алвонҷ дода мерақсонад, бӯйи диловези онро парешон намуда, ба димоғи даравгарон ва хирманкӯбон мерасонад. Дар ин фасли пурфайз суруди обшорон, чашмасорон, наҳру сойҳои шӯхи кӯҳӣ, ки дар дараҳо танинандоз аст ва хониши пурқаҳқаҳаи кабкҳои дарӣ, ки гоҳ аз ин ҷо ва гоҳ аз он ҷо баланд мегардад, аҷаб нашъае дорад. Ба ин савтҳои тарабангез ва руҳнавоз таронаи «майда»–хонии хирманкӯбон ҷӯр мегардад.
Гандуми Балҷувон ба хубӣ машҳур, нонаш бисёр бомаза ва хушгувор аст. Дар байни кӯҳистониён чунин масале ҳаст: «Вақте ки Одаму Ҳаво аз биҳишт ронда шуданд, бисёр азоб кашиданд; саросари ҷаҳонро гашта макони хушобу ҳаво ва ҳосилхезеро барои зистан ҷустуҷӯ намуданд, аммо наёфтанд. Ба ҳар тараф, ки нигоҳ мекарданд, рег буду биёбон ё ҷангал буду ботлоқ.

пешина
аз 471
навбатӣ