АХТАРОНИ АДАБ

Зоҳиран, вай имрӯз аз асари қимиз сахӣ гашта буд.
Дар ҳамин лаҳза чашми вай ба навкарони ховалингӣ ва бандии дар болои дунгӣ истода ғалтид. Чангаки нигоҳаш як нафас ба Восеъ андармон шуд. Дар шубҳа монд: ҳамон Восеъ бошад ё не? Тааҷҷуби вай аз чеҳрааш аён буд. Навкарон чун диданд, ки ҳоким ба сӯяшон нигоҳ мекунад, якешон зуд наздаш рафта ба арз расонд:
– Ҷаноби бек, мо ин бандиро бо фармони амлокдори Ховалинг овардем. Ӯ дар сари хирман доруғаро зад, бо ҷаноби амлокдор моҷаро кард. Мана ин хати ҷаноби амлокдор.
Навкар хатро ба бек дароз кард, бек онро нахонда ба мулозимаш дод ва имо кард, ки навкарон бандиро ба назди ӯ биёранд.
Онҳо Восеъро ба назди ӯ ҳозир карданд. Восеъ ба яқин пай бурд, ки бек ӯро шинохт, аммо бек худро ба нодонӣ мезад. Аз афти кор намехост атрофиёнаш донанд, ки ин бандии дастбастаи саропо шилта ва либосаш пора–пора шиноси ӯст. Мекӯшид, ки чашмаш ба чашми Восеъ нағалтад. Бо овози паст ба тарафи мулозимаш гуфт:
– Аспро ром кунад, аз гуноҳаш мегузарам.
Вай напурсид ва ба мулозимаш ҳам нафармуд, ки пурсад – оё Восеъ аспро ром кардан мехоҳад ва метавонад?
Зеро аспсавории галабони собиқи роҳи Қаршии худро дида буд ва медонист.
– Агар ту ҳамин тойро ром карда тавонӣ, ҷаноби бек гуноҳатро мебахшанд, туро озод мекунанд, – эълон кард мулозим ба Восеъ.
Восеъ тааммуле карду розӣ шуд ва гуфт:
– Хайр. Мешавад.
Дасти ӯро кушоданд. Аз издиҳоми халқ ғалоғулаи ҳайрату шавқмандӣ бархост. Мардум ҳама саропо чашм шуданду ба Восеъ дӯхта гардиданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо