АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ ба сӯйи аспаки ваҳшии бадхӯ қадам бардошта, зери лаб пичиррос мезад, ки «Худоё, мадад кун, шармандаам накун!». Вай мӯкии танашро аз пояш кашида партофт, ба болои харсанге баромад. Вақте ки сарбози ғӯл тойро гардонда аз пеши харсанг мегузаронд, Восеъ яке ҷаҳида ба пушти он савор шуда гирифт. Аспаки ғофил рамида як хез заду бо тундии беш аз пеш ҷуфтак задан, хаму рост шудан ва ду пойи пешашро боло намуда бо шиддат бар замин кӯфтан оғоз кард, мисли ин ки ягон нозукашро хармагас газида истода бошад. Восеъ хам шуда бо ду даст ба ёли асп маҳкам часпида, ду пояшро мисли ду лаби анбур ба шиками он сахт фишурда нишастан гирифт. Тамошобинон ба ғояти шавқ ҳаёҳу мекарданд, гӯё, ки тойро ба нофармонӣ бармеангехтанд.
Аз афти кор, той ҳис кард, ки ба савори мисли худаш гарданшахе ва инодкоре дучор шудааст, ки ин ҳама бардорузанаш ба вай кор намекунад, пас якбора ба тохтан даромад. Вай бо роҳе, ки қад–қади дарахтзори лаби Сурхоб ба ҷануб мерафт, чорхез давид. Восеъ ҳамоно аз ёли асп маҳкам гирифта буд, аммо лаҷоми онро холӣ нигоҳ медошт. Дар якчанд дақиқа асп се–чор чақрим масофаро тай карда, ба хамгашти роҳ расида, дар паси пуштаҳо ва талҳо аз назари тамошобинон ғоиб гардид.
Фақат чанги аз суми асп бархоста боз чанд гоҳе намудор буд.
Аз байни халқ касе бо овози баланд:
– Гурехт! Ёдаш бахайр! – гуфта монд.
Ҳамроҳони бек, дигар тамошобинон бо назари савол ба бек нигоҳ мекарданд. Худи вай дар дилаш ба гурехтани Восеъ бовар намекард («озод шуданашро медонад, чаро гурезад?»), аммо бо вуҷуди ин дар шубҳа монда буд:
наход, ки гурехта бошад? Ба миршаб фармуд:
– Навкаронро фиристонед, ба дунболаш афтанд.
Миршаб навкарони ховалингиро аз пайи Восеъ давонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо